arzon replenishment
Куртаи хунолуд дар хоб чӣ таъбир дорад?
1112


Салом! Ман шаби гузашта як хоби дашҳатнок дидам. Дар хоб сару рӯям хуншор ва куртаам пур аз хун буд, вале ҳарчанд дод мезадам, касе ба имдодам намерасид.

Метарсам, ки ба садамаи нақлиётӣ ё ягон фалокати дигар гирифтор нашавам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед!

Раҳмоналӣ аз шаҳри Кӯлоб

Посух
Бародари азиз, сару рӯйи худро хуншор дидани шумо дар хоб ҳанӯз маънои онро надорад, ки бо касе ҷангу занозанӣ мекунед, ба садама гирифтор мешавед ё ягон фалокати дигар ба саратон омада метавонад. Аслан хун дар хоб рӯшноӣ аст. Кас хоб бинад, ки ба ҳавзи пур аз хун афтидааст, пулу моли бисёре ба даст оварда, бою бадавлат мешавад. Аммо дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки доғи хун дар хоб чандон фоли нек нест. Кас хоб бинад, ки куртааш пур аз доғи хун аст, ба туҳмати ногаҳонӣ гирифтор шуда метавонад.
Ин хоб таъбири дигар низ дорад. Тавре ки дар баъзе хобномаҳо омадааст, агар мард хоб бинад, ки хонааш пур аз хун аст ва либосҳои хунолуди зиёде дар ҳар гӯша партофта шудаанд, ҳамсараш писар таваллуд мекунад ва он кӯдак дар оянда номбардори авлод хоҳад гашт.
Ғайбдони машғур Ванга гуфта будааст, ки хун дар хоб ба муносибати шахси хобдида бо аҳли оила ва наздиконаш ишорат менамояд. Кас хоб бинад, ки аз бадани яке хун рафта истодааст ва ӯ кӯшиши нигоҳ доштани хунравиро мекунад, маълум мешавад, ки худи шахси хобдида ягон одами наздикашро, ки кайҳо аз олам гузаштааст, то ба ҳол фаромӯш карда наметавонад.
Хоб бинед, ки либосатон хунолуд аст, шояд касе аз дӯятон ё хешу табори наздикашон дар бораи шумо ягон овозаи нохуш паҳн мекунад. Куртаи хунолуд дар баъзе хобномаҳо ҳамчун нишонаи душман доштани шахси хобдида низ тасвир ёфтааст. Ин хоб як навъ огоҳӣ аст, ки душманони шахси хобдида кӯшиш мекунанд бо ҳар роҳи восита ба ӯ зарба зада, обрӯяшро резонанд, аз мансабу вазифа барканор созанд. Шахси хобдида бояд эҳтиёткор бошад ва рози дилашро ба касе нагӯяд. Захмӣ шудан ва рафтани хун аз дасту по ё сару рӯйи инсон дар хоб нишонаи сар задани баъзе мушкилиҳо дар ҳаёт ё саломатии он шахс мебошад, вале ин мушкилиҳо зудгузар буда, хатари ҷонӣ надоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД