Куштори кӯдаки 10-солаи тоҷик дар Русия: ҳодисае, ки ҳамаро ба даҳшат овард
134

Дирӯз дар яке аз мактабҳои Русия ҳодисаи ваҳшатноке рӯй дод, ки аз шуниданаш дили кас пора-пора мешавад. Як хонандаи синфи 9-уми мактаби машҳури ба номи Успенскийи шаҳраки Горкии округи Одинтсово бо корд ба хонандагон ҳамла карда, писарбачаи 10-солаи тоҷик Қобилҷонро кордборон намудааст. Кӯдак бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, бар замми ин, боз 3 нафари дигар захмӣ гаштаанд.

Куштор аз рӯйи миллатгароӣ

Тавре телеграм-канали Baza, «Осторожно, Москва», 112, SHOT ва дигар расонаҳои Русия хабар додаанд, ин ҳодисаи хунин тахминан соатҳои 10-и субҳи 16-уми декабр рӯй дода, хонандаи синфи 9-и Б Тимофей К. бо корд мусаллаҳ гашта, ба мактаб омадааст ва аз ҳисси миллатгароӣ ва нафрат ба намояндагони дигар дину миллатҳо чанд нафарро захмӣ намудааст.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштаанд, дида мешавад, ки чӣ тавр ин қотили 15-сола муддати 8-10 дақиқа озодона синф ба синф гашта, муаллимаеро, ки мӯйи сиёҳ доштааст, ҷустуҷӯ мекунад.

Пас аз ин, навраси миллатгарои рус корд дар даст ба як гурӯҳ хонандагони синфҳои поёнӣ наздик шуда, намояндаи кадом миллат буданашонро пурсуҷӯ мекунад. Посбони мактаб кӯшиш мекунад ӯро берун кунад, вале Тимофей посбонро дашноми қабеҳ дода, ба чашмонаш гази ашковар мепошад ва корд мезанад.

Кӯдаки бегуноҳро кушту акси селфӣ гирифт

Бо дидани ин манзараи ваҳшатнок муаллима ба даҳшат афтода, аз хонандагон хоҳиш мекунад, ки зудтар ба синфҳояшон дароянд, вале қотил корд дар даст думболи як писарчаи 10-солаи сияҳмӯй медавад ва кӯдакро дарёб карда, бо дашномҳои қабеҳ кордборон мекунад. Кӯдаки маъсум, ки Қобилҷон ном дошта, тоҷик будааст, аз захмҳои зиёди корд бар асари хунравӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Қотил амалҳои ваҳшатбори худро ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст ва пас аз содир намудани куштори ваҳшиёнаи кӯдаки 10-солаи тоҷик дар назди ҷисми бе ҷони Қобилҷони ғарқа дар хун акси селфӣ гирифтааст.

Мехост мактабро тарконад, вале...

Ин манзараи ваҳшатнок тамоми омӯзгорон ва хонандагони мактабро ба даҳшат оварда, зиёда аз 100 нафар кӯдакон дар “Толори варзишӣ” ва бинои ҳамшафати “Қасри ҷавонон” пинҳон шудаанд. Дар ин миён қотил дар ҳоҷатхона либосашро иваз карда, боз як нафари дигарро гаравгон гирифтааст ва дар яке аз синфхонаҳо пинҳон шудааст.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, ӯ мехостааст мактбаро тарконад, аммо кормандони мақомоти қудратӣ ин навраси золиму хунхорро дастгир намуданд.

Ятиме, ки дар ғарибӣ кушта шуд

Писарбачаи ғӯррамарги тоҷик Қобилҷон фарзанди оилаи муҳоҷири тоҷик буда, падар надоштааст. Дар як навори видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, яке аз ҳамсояҳои ин оила аз Қобилҷон ба некӣ ёд карда, бо ашки шашқатор мегӯяд, ки бисёр писараки хуб, меҳрубон ва оромтабиат буд.

“Аз кӯдакӣ бо писари ман ҷӯраҳои ҷонӣ буданд. Бисёр бачаи хуб буд”,- мегӯяд ҳамсоязан ва илова мекунад, ки модари Қобилҷон як зани танҳои азиякашида аст. Шавҳараш чанд сол пеш вафот кардааст. Ин зани тоҷик дар мактаб фаррошӣ карда, ду писараки ятимашро ба танҳоӣ ба воя мерасонидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД