Латифаҳои солинавӣ
31.12.2025
Oila.tj
203

Туҳфа

- Ана, ба ту туҳфаи солинавӣ,- мегӯяд падар ба писараш сеторро дароз карда.

- Раҳмат,- қаноатмандона мегӯяд писар,- о, дада, барои чӣ торҳояш нест?

- Ҳама кор якбора намешавад-да, бачем, аввал ту навохтанашро ёд гир, баъд торҳояшро мехарем.

Лӯлакабоб

Тарабхона. Соли нав. Шаб аз нисф гузаштааст. Мизоҷе бо садои баланд:

- Пешхизмат, ин чӣ хел лӯлакабоб аст, ки ту барои ман овардӣ? Ним соат мешавад, ки ман онро бурида наметавонам.

Пешхизмат:

- Ако, шумо шитоб накунед, имшаб мо тарабхонаро соати 7-и саҳар маҳкам мекунем.

Орзуи солинавӣ

Зан аз шавҳараш мепурсад:

- Дар соли нав чӣ орзу кардӣ?

Шавҳар мегӯяд:

- Муваффақияти бештар.

Зан мегӯяд:

- Яъне, ту дар соли нав мехоҳӣ дар диван бо муваффақияти бештар ғел занӣ?

Нақша

Марде ба дӯсташ, ки дар муҳоҷират қарор дорад, занг зада, мепурсад:

- Салим, дӯстам, дар соли нав чӣ нақшаҳо дорӣ?

Салим мегӯяд:

- Нақшаҳои наполеонӣ, дӯстам!

Мард мегӯяд:

- Фаҳмо. Яъне, ту билохира аз Русия гурехтан мехоҳӣ?

Суроға

Рӯзи 3-юми январ зан аз шавҳараш, ки се рӯз дар хона набуд, мепурсад:

- Ту дар куҷо будӣ?

- Дар хонаи ҳамкурсонам,- посух медиҳад мард.

- Се рӯз?,- мепурсад зан.

- Ҳа, мо ба хотир овардем,- мегӯяд мард.

- Чиро ба хотир овардед?,- ҳайрон мешавад зан.

- Суроғаи хонаамонро!,- мегӯяд мард.

Дер шуд

Шаби соли нав ба Юлдошбой як пиёла об доданд ва баъд аз хӯрдан гуфтанд, ки ин арақ буд. Пас аз чанд лаҳза диданд, ки Юлдошбой маст шудааст.

Гуфтанд:

- Мо шӯхӣ кардем, арақ набуд, об буд.

Юлдошбой гуфт:

- Акнун чизе буду набуд, дер шуд, маро маст кард.

Хона

Марде рӯзи соли нав барои тамошо аз деҳа ба пойтахт омада, хонаҳои баландошёнаро мебинаду ҳушаш меканад. Рӯзи дигар ба деҳа омада, мардумро гирдаш ҷамъ карда, мегӯяд:

- Эй мардум, шумо барои 2 сотих замин шуда, одамкушӣ мекунед, ба Душанбе равед, хонаҳо тал задагӣ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД