Arzon march 2024
Лӯъбатойи ҳисорӣ: Бо духтари маъюбам дар кӯча мондам!
4012

 

Ман як модари танҳову зор муҳтоҷи ёрии шахсони саховатмандам. Падари сахтгирам баъди хатми мактаби миёна маро зуд ба шавҳар дод.

Ростӣ аз зиндагиам шикоят надоштам, чунки аҳли оилаи шавҳарам маро мисли фарзанди худашон қабул карда хеле хуб муносибат мекарданд. Шавҳарам ташнаи фарзанд буд, аз ин рӯ хабари ҳомиладор шуданам барояш ид гашт.

Дар нӯҳ моҳи ҳомиладориам шавҳарам маро рӯйи даст бардошта мегашт, вале бо бо ин ҳама меҳрубониҳо тифли нахустам мурда ба дунё омад. Хуштоманам маро тассалӣ медод, ки ҳоло ҷавонаму боз фарзанддор мешавам, вале пас аз ин, боз се маротибаи дигар кӯдаки мурда зоидам. Барои табобат сарамро ба сад дар задам, на мулло монду на табиб, аммо бефоида.

Акнун тамоми аҳли оила барои фарзанди солим таваллуд накарданам аз ман домангир буданд ва барои аз хона пеш карданам баҳона кофта мегаштанд. Таънаю маломат ва суханони нешдори хуштоманам ба ҷигари сӯхтаам намак мепошид, аммо сари кафида зери тоқӣ гӯён сир бой намедодам. Модараш ҳамеша бо шавҳарам муноқиша намуда, талаб мекард, ки аз ман ҷудо шавад. Шавҳарам зери таъсири ин саханон дар наздам шарт гузошт, ки агар ин дафъа ҳам фарзанди мурда ё носолим ба дунё орам, ҷавобамро медиҳад.

Хуллас, боз ҳомиладор шудаму пас аз нӯҳ моҳ духтарча ба дунё овардам. Хурсандиам ҳадду канор надошт, вале баъди ду рӯз аз забони духтурон шунидам, ки кӯдакам нобиност. Фиғонам ба фалак печид, рӯю мӯямро канда, зор-зор мегиристам, аммо тақдири талхро тадбир набуд. Шавҳарам кӯри модарзод будани кӯдакро шунида, дигар ба аёдатам наомад. Падару модарам маро аз таваллудхона бароварда, ба хонаи худашон бурданд.


“Ҳамон хушдомани ҷалабат туро бо ягон кавалераш тӯғрӣ накарда бошад” гӯён, қариб буд, ки дар сарам чормағз шикананд.


 

Хулоса, баъди баромадани чили кӯдак модарам аз рӯйи таомул гаҳвора ва дигар чизҳои заруриро харида, маро бо кулчаю тӯша ба хонаи хушдоманам бурд. Аҳли оила бо лабу лунҷи овезон маро истиқбол гирифта, аз тифли нобиноям дурӣ меҷӯстанд. Модарам бо дили ҳазин ҳамон бегоҳ ба хона баргашт, рӯзи дигар бошад, шавҳарам талоқамро дод ва кӯчу бандамро ба як мошини боркаш бор карда, аз дарвоза берун намуд.

Ҳамин тавр баъди як рӯзи гаҳворабандон мани сарсахт бо тифлаки нобиноям номи бади бевазанро гирфта, ба хонаи падарам баргаштам.

Дар хонаи падар янгаҳоям маро рӯз намедоданд. Маҷбур шуда, баъди ду моҳ гирёну нолон духтари берӯзиямро гирифта, ба маркази ноҳия ба як хнаи иҷора кӯчидам. Ҳар моҳ 150 сомонӣ иҷорапулӣ медодам. Барои он ки соҳибхона маро аз дар берун накунад ва аз гуруснагӣ намирем, кӯдакамро дар гаҳвора баста, дар назди биное, ки он ҷо истиқомат мекардам, майда-чуйда мефурӯхтам.

Солҳо бо дарду ранҷи зиёде гузаштанд ва бо савдои кӯчагӣ ман духтари нобиноямро 18-сола кардам.Синнам ба 58 расидаасту дигар ҷону мадори кор кардан надорам. Зиндагии душвор маро бармаҳал пир кардааст. Афгору нотавон шудаам, пойҳоям чӯлоқанд, дигар наметавонам рӯзи дароз дар кӯча нишаста савдо кунам. Духтарам ҳатто аз хона берун баромада наметавонад. Очаю духтар ҳарду муҳтоҷу мунтазирем. Ҳамсояҳо гоҳ-гоҳ ба мо хӯрок меоранд. Бо ҳамин аҳвол бояд пули иҷораро пардохт намоям. Фикри ояндаи духтари музлимам маро азият медиҳад. Баъди сари ман ҳоли ӯ чӣ мешуда бошад? Кӣ нигоҳубинаш мекунад? Наход дар ин замони серию пурӣ касе дасти фақиронро нагирад? Наход модаре, ки бо амри Худованд натавонист фарзанди солим ба дунё биёрад, дар хонаи мардум ҷон ба ҷонофарин супорад? Мехоҳам ақаллан як кулбачаи фақирона дошта бошам, то баъди сарам духтарам бемалол зиндагӣ кунад, аммо...

Сафи одамоне, ки гаштаю баргашта ҳаҷ мекунанд, рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Аз минбари Оила ба чунин шахсони доро гуфтаниям:

-Хонаи Худоро ду-се бор зиёрат кардан шарт нест, дасти ману духтарам барин мазлуму нобиноёнро гирифтан ҳам баробари ҳаҷ кардан савоб аст, мардум!

 

Модари ҷигарсӯхта: Лӯъбатой аз н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД