Formula september
Шабнами Сурайё духтарашро ба шавҳар дод?
5924

 Шоҳбонуи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё он қадар зебост, ки ба назар духтараки 18-соларо мемонад, вале ба ҷавониаш нигоҳ накарда, духтари бо қади худаш баробар дорад.

 

Дирӯз дар байни мухлисон сару садоҳо пайдо шуданд, ки гӯё Шабнами Сурайё духтарашро ба шавҳар дода, хушдоман шудааст. Барои фаҳмидани он ки овозаи пайдошуда ягон асос дорад ё не, мо ба Диловари Мизроб, ки яке аз дӯстони дерини хонаводагии Шабнам ба шумо меравад, занг задем. Диловар дар ҷавоб чунин гуфт:

-Ин овоза ҳақиқат надорад. Духтари Шабнам-Шарифамоҳ айни замон донишҷӯ буда, дар Амрико таҳсил карда истодааст. Шабнам ҳанӯз дар тараддуди ба шавҳар додани духтараш нест, зеро мегӯяд Шарифамоҳ бояд аввал хуб таҳсил карда, соҳиби касбу кор гардад.

-Худи Шабнам ин шабу рӯз машғули кадом корҳост?

-Эҷодкор ба ғайр аз эҷод дигар чӣ шуғле дошта метавонад? Шабнам мисли ҳар эҷодкори асил аз пайи ҷустуҷӯ ва офаридани суруду таронаҳои нав ба нав аст. Ногуфта намонад, ки ба серкориаш нигоҳ накарда, Шабнами Сурайё ба тарбияи духтараш диққати ҷиддӣ медиҳад ва ҳаргиз Шарифамоҳро аз мадди назар дур намегузорад.

Дурдонаи зиндагии Шабнам яккафарзанд бошад ҳам, эркатулфор нест ва аз уҳдаи тамоми кору бори рӯзгор мебарояд. Иншооллоҳ Шарифамоҳи Шабнами Сурайё дар оянда беҳтарин арӯс хоҳад гашт.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД