Салом! Ман чанд сол боз мушкилоти қалбӣ дорам. Табибони дил маслиҳат доданд, ки бештар лимӯ хӯрам. Магар лимӯ ба дил ягон фоида дорад?
Шамсулло аз ш. Ҳисор
Посух
Лимӯ барои пешгирӣ намудани бемориҳои инфаркт ва инсулт давои беҳтарин аст. Истеъмол намудани ду пора лимӯ дар як рӯз ҷисмро аз витаминҳои даркорӣ ғанӣ намуда, фишори баландшудаи хунро паст мекунад. Лимӯ қобилияти ба холестерин таъсир расонидан дошта, инсонро аз гирифторшавӣ ба инфаркт ва инсулт муҳофизат карда метавонад. Меваи мазкур ҳазм намудани оҳанро дар ҷисм беҳтар намуда, дар ҳамоҳангии ҳормонҳо таъсир мерасонад. Хулоса, мунтазам истеъмол намудани лимӯ хатари гирифторшавӣ ба инсулт ва инфарктро кам мекунад.