Бошгоҳи “Ливерпул” ба ҳамлагари “Пари Сен-Жермен” Рандал Коло Муани таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Ҳоло футболбоз ба таври иҷора дар ҳайати “Тоттенхэм” баромад мекунад.
Гуфта мешавад, ки “мерсисайдиҳо” Коло Муаниро ҳамчун ҷойгузини эҳтимолии Муҳаммад Салоҳ мебинанд, ки қарор аст тобистони имсол дастаи “Ливерпул”-ро тарк намояд.
Ҳамзамон, “Ювентус” низ мехоҳад дар равзанаи трансферии навбатӣ барои ҷалби ҳамлагари 27-солаи фаронсавӣ иқдом кунад. Гуфта мешавад, ки арзиши трансферии Коло Муани тақрибан 35 миллион евро хоҳад буд, ки барои бошгоҳи туринӣ қобили қабул аст. “Ювентус” инчунин омода аст ба бозигар солона 7 миллион евро маош пешниҳод намояд ва метавонад бо сабаби таваҷҷуҳи “Ливерпул” музокиротро тезонад.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷорӣ Коло Муани дар 36 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо иштирок карда, 5 гол ва 4 партофти головар ба номаш сабт кардааст. Шартномаи амалкунандаи ӯ бо “ПСЖ” то тобистони соли 2028 идома меёбад.
Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, арзиши бозории футболбоз айни ҳол 22 миллион евро арзёбӣ мешавад.