Лола ва Сиёҳгӯш гулҳои миллии Тоҷикистон эълон шуданд
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш гулҳои миллии кишвар эълон гардиданд.
Фармони дахлдор имрӯз, 21 -уми октябр, содир шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳадафи ин иқдом эътирофи гулҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон, ҳифзи табиат ва баланд бардоштани фарҳанги муҳити зисти аҳолӣ мебошад.
Тибқи шарҳи фармон, Лола ва Сиёҳгӯш дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хос дошта, бо ҷашни бостонии Наврӯз ва фасли баҳор пайванди ногусастанӣ доранд.
Дар шарҳи фармон гуфта мешавад, ки Сиёҳгӯш ҳамчун нахустин муждарасони баҳор рамзи ҳофизаи таърихию асотирӣ ва пирӯзии покию адолат буда, Лола рамзи рӯйсурхии мардуми тоҷик, ҳусну латофат ва шукуфоии табиати кишвар аст.