Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ хеле зиёданд ва ҳар кадоми онҳо таъриху анъанаи хоси худро доранд. Бештари чунин хӯрокҳоро барои ин ё он маърака мепазанд. Ҳар минтақаи Тоҷикистони азиз хӯрокҳои махсуси худро дорад. Яке аз хӯрокҳои маъмули шаҳри Истаравшан маҳак мебошад.
Маҳакро бештар барои меҳмондорӣ, меҳмонравӣ, фотиҳа, маъракаҳои азо ва дигар маъракаҳо мепазанд. Ин хӯрок гарм буда, бештар дар фасли сармо истеъмол мешавад. Ба боварии мардум, маҳак хусусияти шифобахшӣ низ дорад.
Аз замонҳои қадим маҳакро дар ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои миллӣ омода мекарданд. Ҳатто то солҳои наздик модарон барои фарзандони худ, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, маҳак мепухтанд ва ҳамчун туҳфа мефиристоданд.
Барои пухтани 10 дона маҳак 1 килограмм орд, ним литр қаймоқи табиӣ (қаймоқи дастӣ), об ва каме намак лозим аст. Аввал хамир тайёр карда мешавад. Барои хамир орд, оби ширгарм ва каме намак истифода мебаранд. Дар Истаравшан ин хамирро «хамирош», яъне хамири ёш ё хамири ҷавон меноманд. Пас аз омода шудан, хамирро муддати кӯтоҳ дам медиҳанд. Сипас онро тунук ва васеъ боз мекунанд. Баъд аз боз кардани хамир, ба рӯйи он қаймоқ мемоланд. Пас хамирро дуқат карда, боз қаймоқ мемоланд ва бори дигар қат мекунанд. Баъдан хамирро ба шакли чоркунҷа мебуранд.
Барои пухтани маҳак дегро хуб таф медиҳанд. Ҳангоми пухтан ба дег равған намеандозанд, зеро қаймоқи дар байни қабатҳои хамир буда барои пухтани он кофӣ аст. Маҳакро дар дег то сурх шудан мепазанд.
Маҳак яке аз хӯрокҳои анъанавии Истаравшан буда, тарзи пухтани он нисбатан осон аст. Барои омода кардани он маҳсулоти зиёд лозим намешавад, вале таъми болаззат ва арзиши фарҳангии он хеле баланд аст.
Абдуғаффор ШОДИЕВ