Нимҳимоятгари ҳуҷумкори дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Шервонӣ Мабатшоев беҳтарин бозигари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 эътироф гардид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар бозии ниҳоӣ «Регар-ТадАЗ» дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд бар «Эсхата» бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз шуда, барандаи ҳашткаратаи Ҷоми кишвар гардид. Дар ин дидор Шервонӣ Мабатшоев ба дарвозаи «Эсхата» як гол зад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Эсхата” бори аввал дар таърихи хеш дар финали Ҷоми Тоҷикистон бозӣ кард. “Регар-ТадАЗ” соли дуюм пайиҳам ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гардид.
Финали Ҷоми Тоҷикистон-2025:
«Регар-ТадАЗ» 5:0 «Эсхата»
Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 7 (1:0). Самандар Қодиров, 21 (2:0). Шуҳрат Элмуродов, 86 (3:0), 90+1 (4:0). Нозим Бобоҷонов, 90+7 (5:0).
Корти сурх: Бахтиёр Зарипов («Эсхата»), 90+1 - корти зарди дуюм.
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Шервонӣ Мабатшоев («Регар-ТадАЗ»).
14 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 13 850 тамошобин.