Дар озмуни ҷумҳуриявии "Хонандаи сол”, ки байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилони миёнаи умумии кишвар баргузор мегардад, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Мадина Саидализода ғолиб омада, беҳтарин “Хонандаи сол” дар Тоҷикистон эълон шуд.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, даври ҷумҳуриявии озмун рӯзҳои 11-12-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор гашта, довталабон аз фанҳои таълимӣ, кори хаттӣ ва санҷиши тестӣ супоридаанд, ҳамчунин ҳисоботи эҷодии онҳо низ шунида шудааст. Мадина Саидализода байни 5 нафар довталабони асосӣ нисбати дигар рақибонаш бартарӣ нишон дода, сазовори ҷойи аввал гаштааст.
Гуфта мешавад, ки ғолиби озмун Мадина Саидализода бо диплом ва 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ хоҳад шуд.