sebiston july new
Маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб дар Театри Лоҳутӣ
2774

Пагоҳ, 3-юми май, соати 17:30 дар Театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ маҳфили фарҳангии "Дилнавишта"-и Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ ва ҷоизаи байнидавлатии Иттиҳоди давлатҳои мустақил "Ситораҳои Иттиҳод" Ибодулло Машраб баргузор мегардад.

Ибодулло Машраб аз зумраи мардони асилест, ки дар васфашон мегӯянд: “Панҷ панҷаи ин мард ҳунар аст!”. Худованд ба ин марди шариф садои мисли ангубин ширин, ҳунари волои овозхонӣ, истеъдоди хуби ҳунарпешагию ровигӣ ва маҳорати баланди коргардониро ато намудааст. Образҳои барҷастаи дар саҳнаи театр офаридаш ба мисли Исмоили Сомонӣ аз намоишномаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-и Меҳмон Бахтӣ, Хусрав аз «Хусрав ва Ширин»-и Г. Птитсин, Искандари Мақдунӣ аз «Хатои охирини Искандар» ва «Спитамен»-и Барот Абдураҳмон, Насри Сомонӣ аз «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода, Азозил аз «Хонасӯзон»-и М. Фриш, Домод аз «Хостгорӣ»-и И. Попович, Аҳмад Турдиев аз «Суруши Сталинград»-и Муъмин Қаноат, Дон Педро аз «Якпула савдо, садпула ғавғо»-и Уилям Шекспир, Дон Карлос аз «Илоҷи беилоҷӣ ҳаст»-и П. Колдерон, Азимов аз «Ҳукм»-и Шодӣ Солеҳ, Чапан аз «Фолбинии Афандӣ»-и Абдумалик Баҳорӣ, Зардушт аз «Паёми Зардушт»-и Нур Табаров, Мавлавии Балхӣ аз спекталҳои телевизионии «Иршод» ва Саъдии Шерозӣ аз «Пандномаи Саъдӣ» дар ҷодаи актёрӣ ба дараҷаи устоди саҳна расидани Ибодулло Машрабовро собит месозанд.

Ин ҳунарманди асил дар синамо низ нақшҳои муассир офаридааст. Филмҳои «Хоб дар бедорӣ», «Ашк ва шамшер», «Шамсиддин Шоҳин», «Сароби ишқ», «Муҳаббати аввали Насриддин», «Хоб дидам муаллим», «Насиҳат гӯш кун ҷоно» хӯшае аз боғи пурмеваи эҷоди ин марди ҳунар мебошанд.

Дар хазинаи тиллоии синамо, телевизион ва радио зиёда аз 50 суруду оҳанг ва намоишу барномаҳои зиёди Ибодулло Машраб маҳфуз буда, саҳми бузурги ӯро дар рушди санъат ва ҳунари тоҷик бозгӯ мекунанд.

Ибодулло Машраб дар ҷодаи овозхонӣ низ ба пояи устодӣ расидааст, зеро сабку услуби хоси худро дошта, ҳар як сурудаш бори маънӣ мекашад. «Бишнав аз най», «Дил», «Бисёр сафар бояд», «Айши гадоён» (ғазали Саъдии Шерозӣ), «Адаб аст» (шеъри Шамси Табрезӣ), «Ғазали мурувват», «Дил дар чаман», «Баҳор», «Моҳи ман» (ғазалҳо аз Сайидо), «Ғазали ишқ», «Шароби талх» ва «Пири муғон» (ғазалҳо аз Ҳофизи Шерозӣ), «Соҳибназарон» ва «Шукри Истиқлол» (шеърҳо аз Муҳаммад Ғоиб), «Муборак бод» (шеъри Низом Қосим), «Парасту», «Бесадо», «Ҷойи ту холист», «Ватан», «Гулзори Душанбе» (шеърҳо аз Бозор Собир), «Эй кавкаб» (ғазали Саноии Ғазнавӣ), «Одамӣ» (ғазали Муҳаммад Иқбол), «Хушбод» (шеъри Фарзона), «Зиндагӣ» (шеъри Ҷамоллиддин Каримзода), «Фарёд» (шеъри Моҳирхӯҷа Султонзода) ва ғайра падидаи наве дар санъати касбии тоҷик мебошанд.

Ибодулло Машраб ҳудуди 50 сол аст, ки барои рушду нумӯи фарҳангу ҳунари тоҷик хизмат мекунад ва заҳматҳояш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвонҳои фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ордени «Дӯстӣ», медали «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин аз ҷониби Фонди ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ҷоизаи байнидавлатии «Ситораи иттиҳод» қадр карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД