sebiston july new
МАКРИ ГУЛДАСТАИ СИЁҲ Қисми 1
23.03.2024
ОИЛА
1300

 

Мӯйсафеди Аҳмад талх-талх нолиш карда, такрор ба такрор “об, об” мегуфт. Лабони порсингбастааш ба шӯразамини дар ҳасрати як қатра об торс-торс кафида монандӣ доштанд. Занаш Гулдастаи сиёҳ пахтаро дар об тар карда, ба лабони порсингбастаи мӯйсафеди бемор наздик овард ва бо нафрат ба даҳонаш чанд қатра об чаконда, норозиёна зери лаб ғурунгос зад: “Аз касалибонӣ безор шудам. Кай мемурӣ, ки ҷонам каме осудагӣ бинад...”

Ҳоли мӯйсафед хеле бад бошад ҳам, суханони талхи ҳамсараш мисли корд ба устухонаш расиданд ва тамоми қуввату мадорашро ҷамъ карда, пичиррос зад: “Дар вақташ мисли мор худатро дар дилам ҷо карда, маро аз зану фарзандонам ҷудо кардӣ. Мани аҳмақ тамоми дору надорамро ба ту бахшидам, вале имрӯз, ки пиру бемор шудаам, бароят дарди сари зиёдатӣ шуда мондаму маргамро мехоҳӣ, касофат.”

Кампири Гулдаста, ки бинии теғдор, қомати хамгашта ва мӯйҳои парешонаш аҷузаи афсонавиро ба ёд меовард, бо ғазаб теғ кашида, ба мӯйсафед нигаристу писханд зад: “Ман аз паси ту медавидам ё ту аз паси ман?! Дар вақташ ошиқи шайдои ман шуда, мисли ғулом дар дари хонаам хайма зада будӣ, акнун даъво мекунӣ, ки туро аз роҳ зада, аз зану фарзандонат ҷудо кардам?! Ман пеши роҳи туро нагирифтаам, марҳамат метавонӣ ба назди зану бачаҳоят баргардӣ, албатта агар онҳо туро қабул кунанд...”

Аз чашмони кӯчидаи мӯйсафед ду қатра ашк ба рӯи рухсораҳои заҳираш шориданд ва бо овози базӯр шунаво беҳолона пичиррос зад: “Хуб медонӣ, ки Зайнаб ва фарзандонам ҳаргиз маро намебахшанд ва дидаву дониста ба захми дилам намак мепошӣ. Ҳамааш айби худам, дар вақташ беақлӣ карда, ҳаётамро бо дасти худам сӯхтам...”

Кампири Гулдаста “садқаи одамгарӣ шавӣ, мӯйсафеди кӯрнамак” гӯён, дарро тараққосзанон пӯшида баромада рафту хаёли бобои Аҳмад ба дуриҳои дур парвоз карда, китоби зиндагиашро дубора варақгардон кард...

Чашми ошиқ кӯр аст

Аҳмад дар 20-солагӣ бо ҳамин Гулдастаи сиёҳ ошно шуда буд. Одатан тамоми духтарҳо дар ҷавони зебою дилкашанд, вале Гулдаста дар давраи ҷавониаш ҳам як духтари безебаки назарногир буд. Қомати паст, пӯсти сип-сиёҳ ва мӯйҳои фаххаку фарбеҳии аз ҳад зиёдаш ӯро аз синну солаш хеле калон нишон медод, бар замми ин, вай бисёр духтари чиркинак буда, ҳатто хуши шона кардани мӯйи сарашро надошт, вале “чашми ошиқ кӯр аст” гуфтагӣ барин, Аҳмад, ки он замон устогӣ мекард, ба ин духтари сиёҳҷурда ошиқи шайдо шуда монд. Азбаски ба ҷуз Аҳмад дигар ягон ҷавон ба сӯйи Гулдастаи сиёҳ нимнигоҳе ҳам намекард, вай бо ҷону дил ишқи ӯро қабул карда, аз падару модараш пинҳонӣ бо Аҳмад мулоқотҳои ошиқона мегузаронд. Аҳмад, ки ҷавони муҷарради ҳанӯз меҳру муҳаббати занро надида буд, аз навозишҳои Гулдастаи сиёҳ обу адо шуда, ба сад дил волаю шайдои ин духтари маккора гашт ва пеши худ мақсад гузошт, ки ӯро ба занӣ мегирад, аммо...

Исёни модар

Ҳамин тавр вақти зангириаш низ фаро расид ва Аҳмад ба волидонаш гуфт, ки мехоҳад бо Гулдаста арӯсӣ кунад. Падару модараш аввал эътироз накраданд, вале вақте сурати арӯси хушкардаашро нишон дод, фиғони модараш ба фалак печид: “Ту магар девона шудаӣ, бача! Замину осмон ба ҳам часпанд ҳам, ман ин духтари ҷӯгиро келин намекунам!” –қотеъона гуфт модараш, ки худаш зани барф барин сафед ва покиза буд ва табиатан одамони сиёҳҷӯрдаро хуш надошт. Аҳмад барои ба васли Гулдаста расидан чӣ корҳое, ки накард, вале гапи модараш гап буд ва “Мурӣ ҳам, ман он духтари чиркинак ва безебро келин намекунам” гӯён, барои писараш арӯси муносиб ёфт...

давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД