shoh palace
МАКРИ ХУШДОМАНУ РӮЗИ СИЁҲИ КЕЛИН ҚИСМИ 14
1993

 

 

Лайло бо Саодат дар палата нишаста рози дил мекарданд, ки зудтар фарзандонашонро тӯй карда кудо шаванд. Лайло метарсид, ки мемираду орзӯҳояшро ба зери хоки сард мебарад. 

 -Саодатчон, ман акнун одами нимкола. Худат аз паси тӯй шав. Ту ба ман хам апаиву хам хоҳар,-аз бари дмони дугнааш дошта, зорӣ мекард вай ба мисли кӯдак. 

 -Майлаш, бо ҷону дил. Ба ман чизе даркор нест, ҷавонон хушбахт шаванд, кифоя аст, аммо ту ин хел нагӯй. Иншоаалоҳ сиҳат мешавӣ ва дар тӯйи писарат рақсу бозӣ ҳамм екунӣ...

ххххх

 Лайло аз беморхона баромада барои писараш бо ҳавас ҷомаи домодӣ дӯхт. Шаҳбоз ба хабаргирии модараш омада тараддуди онҳоро дид ва чизе нагуфта баромада рафт. Хомӯшии писарашро лайло аломати ризо медонист, вале Шаҳбоз дар дил азм карда буд, ки дигар ба хонаи модараш намеояд.

Ҳамин тавр тараддуди тӯй қариб ба поён расид ва Лайло рӯзи тӯйро муаян карда,аз духтараш хоҳиш кард, ки рафта акаашро биёрад, то ки масъалаҳои ба арӯсбиёрон вобастаро ҳал кунанд. 

Дилафрӯз боз ба хонаи падараш рафта, зорию тавалло кард, ки бародарашро ба зангирӣ рози кунонад, вале падараш дар ҷавоб гуфт, ки ихтиёр дар дасти худи Шаҳбоз аст, ҳарк асеро, ки хоҳад, метавонад ба занӣ бигирад. 

Шаҳбози якрав бо исрор мегуфт, ки ӯ дигареро дӯст медораду ҳаргиз он камбағалдухтари пойлучро ба занӣ намегирад. Дилафрӯз чораи дигар наёфта, зориву тавалло кард, ки ақаллан ба хотири модарам ӯро ба занӣ бигир, баъд мебини, ки зиндагиат мешавад ё не. Шояд дар ҳаёт бо ҳамдигар забон меёбеду ҳамааш хуб мешавад, охир замоне ту ба духтари холаи Саодат муҳаббат дошти-ку! 

-Чаро фаҳмидан намехоҳӣ, не, гуфтам не!-дод зад Шаҳбоз девонавор. 

Дилафрӯз ҳайрон мнд, ки чи кор кунад, агар модараш фаҳмад, ки Шаҳбоз гапи ӯро ба як пули пучак нагирфта аз издивоҷ бо духтари Саодат саркашӣ кардааст, бемориаш авҷ мегирад, вале ин сирро пинҳон дшта ҳам намешавад, охир рӯзи тӯй аллакай аниқ шудааст.

Дилафрӯз ғарқи фикру хаёл ба хона омада, модарашро саргарми ҷомадузӣ дид ва аламҳояш дубора рӯ заданду ҳатто як луқма нонро ба даҳон набурда, ба хонаи хобаш даромад. Модар аз пасаш нидо кард, ки ман бароят хомшурбо пухтам. 

-Ман серам очаҷон. 

-Дар хонаи падарат чӣ хурдӣ?  

-Чизе нахӯр даам, вале дилам ягон чиз намекашад. Каме баъдтар мехӯрам, охир дар дунё аз ҳама бомаззатарин хӯрок, ин хӯроки пухтаи модарҷони ман аст. 

-Раҳмат духтарам, садсола шавӣ!

Лайло Ҷомаи домодии дӯхтаашро бо шавқ аз назар гузаронд ва лаҳзае онро дар базми пуршукӯҳи домодӣ дар тани писараш тасаввур карду беихтиёр аз чашмонаш ду дона ашк мисли ду дурдона ба рӯйи рухсораҳояш шориданд. “Худоё, писари маро зудтар ба васлӣ арӯси нозанинаш ва ба шаҳӣ бирасон. Мадад кун парвардигоро, ки касалиам авҷ нагирифта, бо хушию хурсандӣ сари писарамро ҷуфт кунам ва тӯяшро бо ддасти худ гузаронида, ҷомаи домдиро дар танаш дида орзую ҳавасҳои диламро шиканам, баъд бимирам ҳам, дигар ормон надорам” аз дил гузаронд модари зор, вале...

хххххх

Шаҳбоз ғофил аз орзуҳои модари ба марг маҳкум шудааш рӯз то шом танҳо дар фикри Шаҳнозаи олуфтасанг буд. Вай аз падар хоҳиш кард, ки ба хонаи Салим-бойбача ба хостгорӣ равад. Падараш бо ҷону дил розӣ шуда бо дастовезу тӯҳфаҳои зиёд роҳи хонаи Салимро пеш гирифт. 

Салим-бойбача хостгории онҳро қабул кард ва ҳатто гуфт, ки тӯйро аз ҳисоби худаш мегузаронад. Носир хурсандона дар тараддуди тӯй шуд. Шаҳбоз андешамандона аз падараш пурсид, ки модарашро ҳам ба тӯй хабар мекунанд ё не? 

-Албатта хабар кун, охир чи хеле, ки набошад, вай модари туст,-гуфт дар ҷавоб падараш. 

Шаҳбоз ба Дилафрӯз занг зада хабари зангириашро расонду гуфт, ки ҳатман ин хабарро ба модараш расонад ва албатта ҳардуяшон якҷоя ба тӯй биёянд.

 

-Шаҳбоз, ин чи кори кардагиат, магар модарамро пеш аз маргаш куштан мехоҳӣ?-гуфт дилафрӯз бо садои гиряолуд. 

-Ман барои худам зиндагӣ мекунам ва барои модарам шуда, ҳаётамро бо як гадодухтар пайвастан намехоҳам. Ман духтари бою бадавлатро ба занӣ гирифта истодаам ва худо хооҳад бо кӯмаки хусурам ба қуллаҳои баланд раисда, як умр мисши шоҳзода зиндагӣ мекунам. Барои ҳамин ба модарам вазъиятро фахмон. Дигар ҳоҷати гап нест,-Шаҳбоз инро гуфту телефонро хомӯш кард....

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД