Formula september
МАКСИМ ОДАМ НЕ, ҶОНИ ОДАМ АСТ!
4496


Ман Ҳафиз аз шаҳри Кӯлоб. Пеш аз пайдо шудани вируси ҳамагири COVID-19 мо, як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик дар зери дасти Максим ном марди рус кор мекардем.

Роҳбар бошад ҳам, Максим бисёр инсони заминӣ ва хоксор буд, ҳар гоҳ шакароб, қурутоб ё ягон хӯроки дигари миллӣ пазем, ӯро ба сари дастархон даъват мекардем ва раис таклифи моро бо ҷону дил қабул карда, ҳамроҳамон хӯрок мехӯрд.

Максим бисёр марди сарватманд бошад ҳам, бо мо ҳамчун бародар рафтор мекард. Пуламонро сари вақт медод, ягон мушкил пеш ояд, дар ҳаллаш дасти ёрӣ дароз намуда, мудом аз мо пуштибонӣ мекард. Худ ба худ фикр мекардам, ки Максим одами хуб бошад ҳам, ба ҳар ҳол бегона аст, мабодо бемор шавем ё ягон фалокати дигар рӯй диҳад ва бубинад, ки аз дастамон дигар ягон кор намеояд, албатта моро пеш мекунад, вале...

Пеш аз карантин ман бо тамоми аҳли бригадаам ба Ватан баргаштам. Намедонистем, ки пандемия сар шуда, роҳҳо баста мешаванд ва дигар ба Русия рафта наметавонем, пули аз мардикорӣ овардаамонро дар як муддати кӯтоҳ сарф намуда, бе пул шуда мондем. Кор то ҷое расид, ки дигар дар ҷайбам ягон сум намонд, болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, коронавирус авҷ гирифта роҳҳо баста шуданд. Намедонистам чи кор кунам ва аз кӣ мадад пурсам, чунки ҳама дар ҳамин ҳол буданд. Ростӣ, дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки дар чунин рӯзҳои душвор аз мамлакати бегона касе ба ман занг зада аҳволпурсӣ мекунад ва ба сӯям дасти мадад дароз менамояд, вале Худованд меҳрубон аст ва мушкили бандаашро бо ҳар роҳ ҳал мекунад.
Хулоса, як рӯз хафаю хиҷил нишаста будам, ки худи Максим занг зад. Дар вазъияти вазнин будани маро фаҳмида, ба кортам пули калон гузаронд ва гуфт:
-Позаботься о ребят!
Ман ба ин марди нек миннатдорӣ баён намуда, маблағи фиристодаи Максимро байни ҷавонмардоне, ки дар Русия ҳамроҳам кор мекарданд, тақсим намудам.

Ҳамин тавр бо кӯмаки ин марди меҳрубони рус дар давраи душвори пандемия аҳли оила ва зану фарзандонамн бе нону хӯрок намонданд. “Намаки касро хӯрдӣ, ба намакдонаш туф накун” мегӯянд, мо ҳам ному намаки Максимро пос дошта, боз ба наздаш коркунӣ рафтем. Пули билетамонро худи Максим фиристода, ҳуҷҷатҳоро тахт кард. Ҳоло мо дар Русия ҳастем ва шукри Худо кору борамон бад нест. Маъмулан дар Тоҷикистон бисёр мегӯянд ва менависанд, ки муҳоҷирони тоҷикро дар Русия азобу шиканҷа медиҳанд, вале гап дар дину миллату нажод набудааст, одамони хубу бад дар ҳама ҷо ҳастанд. Максими мо одам не, ҷони одам аст!
Ҳафиз, ТВЕРСКАЯ ОБЛАСТЬ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД