Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон 1-уми январи соли 2026 ба таътили зимистона мебароянд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, таътили зимистонаи мактаббачагон то 7-уми январ идома хоҳад кард.
Вазорати маориф ва илм аз падару модарон хоҳиш кардааст, ки дар давраи таътили зимистона назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон вақти худро бо телефонбозӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Волидайн бояд монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти кӯдакон дар марказҳои интернетӣ гарданд. Давоми 7 рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст, истифода намоянд.
Ёдрас мешавем, ки дар муассисаҳои таълимӣ барои хонандагон таътил чунин муқаррар карда шудааст:
- таътили тирамоҳӣ: 7 рӯз (аз 1 то 7-уми ноябр);
- таътили зимистона: 7 рӯз (аз 1 то 7-уми январ);
- таътили баҳорӣ: 5 рӯз (аз 25 то 29-уми март);
- таътили тобистона, ки пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31-уми август идома меёбад.
Машғулиятҳо барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасад. Дар мавридҳои зарурӣ тағйир додани вақту муҳлати таътил танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ мегардад.