Аз 1 то 7-уми июн дар пойтахти кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон - шаҳри Тошканд Олимпиадаи 4-уми байналмилалии математика ва информатикаи “Ал-Хоразмӣ” баргузор гашта, мактаббачаҳои тоҷик дар он 11 медал ба даст оварданд.
Дар олимпиадаи мазкур намояндагони 10 кишвар ширкат варзида, тими мактаббачаҳои тоҷик, ки аз 28 нафар иборат буд, дониши хуб нишон доданд ва соҳиби як медали тило, ду нуқра ва ҳашт биринҷӣ гаштанд.