arzon replenishment
Ман фурўдгоҳи эҳтиётӣ нестам Қисми 1
1578

 

                         Дар роҳ

Бо Сайрона тасодуфан вохўрдем, ман аз ноҳия аз хабаргирии волидонам меомадам, рўз бегоҳ мешуду мошинҳои кирокаш аз ноҳияи дурдасти кўҳистон фақат субҳгоҳон ба пойтахт меомаданд. Зани ҷавоне сари роҳ ба ҳар мошини пешомада даст мебардошт, дили раҳминам маро маҷбур кард, ки мошинро назди ў нигаҳ дорам…

Ҷавонзан хеле маҳзуну ѓамзада метофт ва сарашро хам карда, ба ман нигариста гуфт:

-Додарҷон, то маркази вилоят меравам, агар…

-Шинед апа,- гуфтам ва давоми сухани ўро мунтазир нашуда, аз мошин фаромада, дари қафоро кушодам.

Дар роҳ фаҳмидам, ки ин зан Сайрона ном дошта, аз Душанбе ба ҷустуҷўйи шавҳари фиребгараш ба ноҳияи мо омадааст. Ростӣ ман баъди донишҷўӣ дар пойтахт кору зиндагӣ мекардам, баъд шавҳари Сайрона аз як деҳаи дурдаст будаасту ман ўро нашинохтам. Сайрона ба Душанбе рафтани маро шунида, хурсанд шуд, дар роҳ ў тақдири талхашро нақл кард…

                                Алфонс

Падари Сайрона дар хонаи бачаҳо ба воя расида будааст. Вақте ба воя расида, соҳиби зану фарзанд ва хонаву дари обод мешавад, хешонаш пайдо мешаванд. Як хеши дурашон ба хотири канда нашудани риштаи хешу таборӣ келин мегирад, азбаски Сайрона фарзанди ягонаи оилаашон буд, шавҳараш аз қишлоқ ба шаҳр омада, хонадомод мешавад. Домод ҷавони бепарвофалаки бемаълумот ва бекорхўҷаи тайёрахӯре буд, аммо волидони Сайрона ўро ба ҷойи фарзанд хонда, ҳаматарафа таъмин мекарданд. Худи Сайрона бошад, дар боѓчае ба ҳайси мураббия кор мекарду нафақаи падару модарро низ гирифта, зиндагияшонро пеш мебурданд. Бо гузашти солҳо волидайн аз дунё гузаштанду бори зиндагии шавҳару ду духтаракаш ба дӯши Сайронаи бечора афтид. Сайрона ба хотири сабук намудани бори гарони рўзгор, пасандози волидайнашро гирифта, барои шавҳараш мошин мехарад, ҳамсараш ҳуҷҷати ронандагӣ дошту ба кирокашӣ сар мекунад. Мард пули ёфтаашро ба хона наорад ҳам, Сайрона аз додани кисахарҷӣ ба ин беномус халос шуда буду шукрона мекард.

 

                    Ба бедастак даст надеҳ…

Пайрав акнун тарзи либоспўшияшро дигар карда буду шабу рўз “дар ҷои кор ҳастам” гўён, дар хона набуд, кўдаконаш ўро пазмон мешуданду занг мезаданд, аммо мард кор ҳаст гўён, моҳҳо ба хона намеомад. Баъдҳо Сайрона фаҳмид, ки шавҳараш бо як зани бероҳа зиндагии муштарак дорад ва Пайравро аз хона ронд. Мошинашро ба ў бахшида, ин беномуси кӯрнамакро аз хонааш ронд. Аммо Пайрав беномустар аз чашмдошти занаш баромад ў ба суд муроҷат карда, ними хонаро аз Сайрона талаб кард…

Сайрона баъди даводавҳои зиёд ба қишлоқ ба ҷустуҷўйи бародарони шавҳараш омада буд, ки онҳо пеши роҳи бародари бенангашонро гиранд. “Охир, хонаи падари ман чӣ дахле дорад ба Пайрав?!” Аммо бародарони шавҳараш “ту додари моро дар ба дар кардӣ, аз хонаат рондӣ” гўён, дар ҳамин говгум янгаашонро аз дар ронданд.

Сайрона нақл мекарду мегирист…

                               Ишқи апахонд…

Сайрона дам ба дам мегуфт, ки “агар ман ягон хешу табор ё бародаре медоштам, оё мемонд, ки ин худобехабар чунин бузбозиям андозад?” Ман дар оилаи серфарзанд ба дунё омада будаму се апа доштам, ба ҷои Сайрона апаҳои худамро тасаввур карда, ба вай ваъда додам, ки кумакаш хоҳам кард. Мо нимашабӣ ба Душанбе расидем, Сайронаро ба назди хонааш бурда монда, худам ба хона баргаштам.

Ман корманди як ниҳоди бонуфузи қудратӣ ҳастам ва ба воситаи ёру рафиқонам ба ин зани ба вартаи балои як беномус афтида кумак кардам. Сайрона шавҳарашро аз қайди хона бароварду зиндагияшро бе ў идома бахшид, аммо ману ӯ дўст шудем. Мо баъзе рўзҳо якҷоя хўроки шом мехўрдем, бо телефон дуру дароз сўҳбат мекардем, ҳарчанд ин зан аз ман ҳашт сол фарқ дошта бошад ҳам, ман ба ў ошиқ шудам…

Аз нигоҳҳои ба нози Сайрона ва дигар маро додарам нагуфтанаш, ман ҳам сирри ниҳони ўро мефаҳмидам. Оқибат як рўз ман ўро ба сайри лолазорони аѓбаи Фахробод даъват кардаму ҳамон ҷо чӣ эҳсосот доштанамро ба вай гуфтам. Сайрона дастонашро ба гарданам ҳалқа карда бо гиря гуфт, ки “ман чандин моҳ боз ҳаминро интизорам…”

Аз ҳамон рўз мо зиндагии муштаракро оѓоз кардем, никоҳи мусулмонияш кардам, ман корманди сохтори ҳуқуқӣ, марди зану фарзанддор, ба дилу ҷон ошиқи як зани аз худам ҳашт сол калон гашта будам. Аз хонаи худам дида зиёдтар дар хонаи Сайрона будам, духтаронаш низ ба ман унс гирифта дада мегуфтандам.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД