sebiston july new
Маникюр чӣ нозукиҳо дорад?
771

Аксари бонувон мехоҳанд, ки баъди дар кошонаи ҳусн оро додани нохунҳояшон маникюр муддати зиёд вайрон нашавад. Вале на ҳама медонанд, ки пеш аз маникюр қоидаҳои махсусе вуҷуд доранд, ки баъди риоя кардани он ороиши нохунҳоро дурудароз нигоҳ доштан мумкин аст.

Агар барои ороиши нохун ба салон рафтанӣ бошед, ба дастонантон равған намолед. Пеш аз маникюр дар давоми 24 – 48 соат ба сауна ё бассейн рафанро низ тавсия намедиҳем.

Пас аз маникюр кардан дар давоми 2 соат дастро ба об задан ва ҳатто дастпӯшак пӯшидан манъ аст. Даст дар даруни дастпӯшак арақ мекунад ва ин боиси ҷудо шудани лак мегардад.

Се рӯзи аввали баъд аз анҷом додани маникюр пӯсти атрофи нохун хеле ҳасос мешавад. Ҳангоми шустани дегу табақ ва истифодаи маҳлулҳои кимиёвӣ ба дастонатон дастпӯшак пӯшед, в-агарна атрофи нохунҳоятон мекафаду пӯст мепартояд ва яра мешавад.

Ба пӯсти дастон, хусусан агар атрофи нохунҳо хушк бошад, ҳатман аз малҳами нармкунанда истифода баред. Қабл аз хоб ба дастонатон малҳами махсуси барои дастро молида, субҳ бо оби ширгарм дастонатонро нағзакак бишӯед. Нохуни дасту пойи нағз нигохубиншуда диққатро ба худ ҷалб мекунанд.

Агар баъди анҷоми маникюр дар нохунҳо сӯзиш ё нороҳатиро эҳсос намудед ва ё ангуштон варам карданд, зуд метавонед лаки нохунро аз дастонатон пок кунед. Агар ба нохунҳоятон гел – лак молида бошед, мустақилона кандани онро ба шумо тавсия намедиҳем, зеро шумо метавонед якҷоя бо лак қабати болоии нохунро низ канда гиред. Дар ин ҳолат баъди дубора молидани лак вай худаш ба зудӣ тоза мешавад.

Барои пешгирӣ намудани шикастани нохунҳо метавонед нохунҳоятонро чанд дақиқа дар намакоб тар кунед ва ё равғани зайтун (касторовое масло) – ро гарм карда, дастонатонро дар он 5 -10 дақиқа нигоҳ доред.

Барои афзоиши хубтари нохунҳо равғани растаниро бо витамини А, чанд қатра йод ва шарбати лиму нағз омехта карда, нохунҳоятонро дар маҳлул нигоҳ доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД