arzon replenishment
МАНИЖА ДАВЛАТОВА БА САҲНА БАРМЕГАРДАД?
7747

ЗУЛАЙХО МАҲМАДШОЕВА: БАХТАМРО БО КАСЕ ТАҚСИМ НАМЕКУНАМ!

...-Ман шахсе ҳастам, ки худро қурбони санъату ҳунарам кардаам, зеро касбамро беҳад дӯст медорам. Он нафаре, ки ҳамсафари ҳаётии ман аст, ӯ низ бояд худро дар роҳи санъати ман қурбон кунад. Ман зиёд ба чорабиниҳо меравам ва агар ӯ маро дарк накунад, бо рашки беасос зиндагӣ намешавад. Шояд мо якдигарфаҳмӣ карда натавонистем ва ҳамин тавр, ҷудо шудем...

Шавҳарам духтарамонро чашми дидан надорад

...Бо сабаби он ки сағерадухтар будаму барои харидани мебел ва тахту рахти қимат имконият надоштем, тӯли 6 моҳи зиндагӣ дар хонаи шавҳарам рӯз надидам. “Ту мебели қимат наовардӣ, ту ину он наовардӣ” гуфта, наздикони шавҳарам азобам медоданд. “Ту ҳатто фарзанд таваллуд карда наметавонӣ” мегуфтанд, дашному таҳқирам мекарданд. Баъди ин ҳама озору таҳқир шавҳарам ҷавобамро дод ва боз ба хонаи падарандарам, назди модарам омадам...

Манижа Давлатова ба саҳна бармегардад?

...“Агар инсон мехостааст, барои як лаҳзаи хушбахтии дӯсташ, дар як шаб, дар байни ҳамагӣ чанд соат чӣ корҳоеро иҷро намекардааст. Бо вуҷуди он қадар исрори “на” гуфтани ман, ту барои якшаба хурсандиам ин ҳамаро муҳайё кардӣ. Чанд сол буд, ки чунин хурсанд набудам. Дили маро як лаҳза шод кардӣ, бигзор, Худованд шодии ду дунёро ба туву фарзандонат ато кунад”,-навиштааст Манижа Давлатова...

Ашки ҷигарсӯзи 4 кӯдаки бе падар

...-Падари фарзандонам чанд сол боз аз бемории саратони ҷигар ранҷ мекашид. Билохира, се моҳ пеш бо дили пурормон ин дунёи бевафоро тарк гуфт. Пештар ҳам зиндагиамон душвор буд, аммо аз бозе, ки шавҳарам ҷавонмарг шуд, рӯзи сиёҳи мани сарсахт аз шаби тор ҳам ториктар гашта, ба чоҳи бе таги ғаму андӯҳ афтодам. Намедонам бо 4 кӯдаки хурдсол ба дари кӣ равам. Шахси ғамхоре нест, ки сари ятимакони маро сила намояд...

Зардчӯба занро ҷавон месозад?

...Саломи худро ба бонувоне, ки пайваста ба ҳусну латофати худ диққати хоса зоҳир менамоянд, мерасонам. Ҳар ҳафта гӯшаи “Асрори зебоӣ”-ро мутолиа намуда, аз маслиҳату тавсияҳои муфидаш бархӯрдор мегардам. Чанд рӯз қабл дар интернет маводеро оиди хусусиятҳои ҳуснофари зардчӯба мутолиа намуда, ба ҳайрат афтидам. Оё зардчӯба дар ҳақиқат занро ҷавон месозад? Нилуфар, ш.Душанбе...

Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 4-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 27-уми январи соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52

“Маро танҳо нагузор”

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”. Ҳамчунин, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Аз нафароне, ки нияти ҷиддӣ надоранд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба кори мо халал ворид насозанд. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД