sebiston july new
МАНИЖАИ ДАВЛАТ БА САҲНА БАРМЕГАРДАД?
4708

 

Салом ба хонандагону кормандони “Оила”. Ҳамаи матлабҳоятон хубу хонданибобанд, вале ман бештар мавзӯъҳои алоқаманд ба ҳаёти ситораҳоро мутолиа мекунам. Чанд муддат буд, ки касе дар бораи сарояндаи дӯстдоштаи ман Манижа Давлатоваи нотакрор чизе намегуфту рӯзномаву маҷаллаҳо низ матлабе чоп намекарданд.

Аммо дар арафаи Соли нави мелодӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо ва овозаҳое паҳн шуданд, ки бароям хеле хурсандиовар буданд. Қабл аз ҳама, аз дидани акси нави Манижабону хушҳол шудам, чун муддатҳо расми нави ӯро надида будам. Баъдан, навореро тамошо кардам, ки Манижа дар ҳавои як суруди эронӣ мерақсаду хурсандӣ мекунад. Ҳатто овозае низ ба гӯшам расид, ки Манижа Давлатова соли 2021 ба саҳна бармегардад. Намедонам, ин овоза то куҷо ҳақиқат дорад, аммо мехоҳам, ки Манижа ба саҳна баргардад, зеро ҷои ӯ дар саҳнаи тоҷик ва дар дили мухлисон ҳанӯз ҳам холист, ки касе пур карда наметавонад. Бо як ҷумла ба Манижаи азизи дилҳо муроҷиат карда, гуфтаниам, ки “Манижаҷон, баргард, мо-мухлисонат туро интизорем, ҷои ту дар дили мо холист”. Аз шумо кормандони ҳафтаномаи “Оила” ягона хоҳишам ҳамин аст, ки хабари дар соли 2021 ба саҳна баргаштани Манижаро дақиқ кунед. Боқӣ, Худованд нигаҳбони мову шумо бошад.

Маликова Моҳбӣ,

аз шаҳри Бохтар

Аз идора:

Моҳбии азиз, як ҷаҳон сипос, ки ҳафтаномаи “Оила”-ро мехонеду ба қадри меҳнатҳои мо-кормандонаш мерасед. Ростӣ, хабари дар соли 2021 ба саҳна баргаштани Манижа Давлатоваро аз забони шумо шунидем ва бо боварӣ гуфта метавонем, ки ин овоза ҳақиқат надорад, чун агар овозхон ба саҳна баргаштан мехост, ҳатман пешакӣ эълон мекард. Дар мавриди навори гуфтаатон бошад, дар ҳақиқат Манижае, ки солҳо боз худро пинҳон мекарду дар чорабиние ширкат намеварзид, дар як шабнишинӣ ба навор афтод. Модели тоҷик Парвина Саидова ахиран дар Инстаграми худ навореро нашр кард, ки зери як мусиқии эронӣ ҳамроҳи Манижа Давлатова мерақсанд. Манижа низ ба Парвина барои оростани шабнишинӣ миннатдорӣ карда, он шабро яке аз лаҳзаҳои беҳтарини умраш дар чанд соли охир гуфтааст. “Агар инсон мехостааст, барои як лаҳзаи хушбахтии дӯсташ, дар як шаб, дар байни ҳамагӣ чанд соат чӣ корҳоеро иҷро намекардааст. Бо вуҷуди он қадар исрори “на” гуфтани ман, ту барои якшаба хурсандиам ин ҳамаро муҳайё кардӣ. Чанд сол буд, ки чунин хурсанд набудам. Дӯстам, хоҳарам, аз ту миннатдорам. Дили маро як лаҳза шод кардӣ, бигзор, Худованд шодии ду дунёро ба туву фарзандонат ато кунад”,-навиштааст Манижа Давлатова дар саҳифаи Инстаграмаш. Корбарон гуфтаанд, ин шабнишинӣ ба хотири зодрӯзи Манижа Давлатова, ки 31-уми декабр аст, ороста шудааст, аммо Парвина Саидова дар посух гуфтааст, ки “ин танҳо як базми хонаводагӣ буд”. Манижа Давлатова 31-уми декабри соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 1999 мактаби №8-и зодгоҳаш ва соли 2006 риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ дар аввали соли 2000-ум ба саҳна омада, дар як муддати кутоҳ миёни мардум маҳбубият пайдо кард. Манижа Давлатова аз камтарин овозхонҳоест, ки тахминан 14 сол боз дар рӯйи саҳна нест, аммо маҳбубияти ӯ дар миёни мухлисону ҳаводоронаш то ҳол коста нагардидааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД