35 years of independency
Мақомдорони соҳаи алоқаи кишварҳои ИДМ дар Душанбе ҷамъ меоянд
18.09.2026
Oila.tj
64

Рӯзҳои 29-30-юми сентябр дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сарони соҳаи алоқаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Дар ин бора Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Зимни ҳамоиш масъалаҳои муҳими рушди соҳаи телекоммуникатсия баррасӣ хоҳанд шуд. Аз ҷумла, иштирокдорон рушди зерсохтори муосири телекоммуникатсионӣ, суръат бахшидани равандҳои рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсиониро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ҳамчунин дар рӯзномаи мулоқот масъалаҳои таҳкими амнияти киберӣ ва таъмини устувории шабакаҳои алоқа ҷой доранд.

Интизор меравад, ки мулоқот барои табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар соҳаи алоқа ва технологияҳои рақамӣ замина фароҳам меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД