formula
Марҳаммат ба консерти ройгон
13.04.2023
ОИЛА
887

Рӯзи 14 апрел дар толори Кохи Суруш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сил бо иштироки ситораҳои санъати тоҷик базми консертӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Ассотсиатсияи Ҳамкории боздошти сил ба Тоҷикистон ба сомонаи “Оила” иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки чорабинии мазкур ҳам қисмати иттилоотӣ ва ҳам базми консертӣ дошта, вуруд ба толор ройгон аст. Он соати 14:00 оғоз мешавад.

Дар он ситораҳои маъруфи санъату ҳунари тоҷик - Нозия Кароматулло, Зайнура Пулатова, Рӯзибеки Файзалӣ, Мино, Ҳабиб Ҳакимов, Искандар Каримов ва ҳаҷвнигорони шинохта Муқимҷон Абуфаттоеву Ҷамшеди Ҳалим ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ин чорабинӣ тавассути дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) баргузор мегардад.

Аз идора: Роҷеъ ба ҷараёни ин барномаи консертӣ ва пораи суҳбат бо сарояндагон шуморо дар барномаи "Инстафейс" рӯзи душанбе тариқи ютюб ва шабакаҳои иҷтимоии "Оила" огоҳ мекунем. Интизор бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД