arzon replenishment
Мард қасамаро шиканад, занаш талоқ мешавад?
29.05.2023
ОИЛА
905


Ману шавҳарам 7 сол зиндагӣ карда, бо сабаби бефарзандӣ аз ҳам ҷудо шудем. Бо амри тақдир як сол пас бо марди дигаре ҳамхона гаштам.

Шавҳари дуюмам зану фарзанд дошт ва пеш аз никоҳ бо хонаи ҳалолаш қасам хӯрд, ки маро нағз нигоҳубин мекунад. Дар панҷ сол соҳиби ду фарзанд гаштем. Мо дар иҷорахона зиндагӣ мекунем ва кӯдакони шавҳарам, ки аз зани якумаш ҳастам, тез-тез ба хонаи ман меоянд. Аниқтараш падарашон онҳоро аз модарашон пинҳонӣ ба ин ҷо меорад.

Шавҳарам танҳо иҷорапулиро медиҳаду халос, дигар ҳама хароҷотҳои рӯзгор ва кашидани бори зиндагӣ танҳо бар дӯши ман аст. Аз як сӯ хӯрондану пӯшонидани фарзандони худаму аз шавҳарам, аз ҷониби дигар пули барқу обу партов ҷонамро ба лабам мерасонад. Борҳо гуфтам, ки ҷавоби маро деҳ, дигар тоби вазниниҳои зиндагиро надорам, аммо мардакам худдорӣ мекард. Дирӯз боз гапамон гурехту талоқ талаб кардам.

Шавҳарам ба ғазаб омада дод зад: «Ҷавоби туро барвақт додам!» Мехоҳам донам, ки байни мо талоқ афтидааст ё не? Шавҳарам бо зану хонаи ҳалолаш қасам хӯрда буд, ки ҳаргиз дар нимароҳи зиндагӣ намепартояд ва хуб нигоҳубин мекунад, ҳоло ки қасамашро шикаста, маро талоқ дод, зани якумаш ҳам талоқ нашуд?
Сумангул, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мухлис 2023-06-08, 15:39
Хардуятон талок шудаен.якума ба сабаби шарти мондагияш.дуюмаш бо сабаби лафзи гузашта ки гуфтааст чавоби туро барвакт додаам бо хамин лафз талок шуди
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мухлис 2023-06-08, 15:39
Хардуятон талок шудаен.якума ба сабаби шарти мондагияш.дуюмаш бо сабаби лафзи гузашта ки гуфтааст чавоби туро барвакт додаам бо хамин лафз талок шуди
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД