sebiston july new
Мард безурриёт мешавад, чаро?
851

 

Безурётии мардон яке аз сабабҳои парокандашавии оилаҳо мебошад. Тибқи омори шашмоҳаи аввали соли ҷории Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз ҳар шаш нафар, баробар ба 17,5% аҳолии калонсол аз безурётӣ дар ҷаҳон азият мекашанд.

Аз 48,5 то 72,4 миллион ҷуфт, яъне аз 12,6 то 17,5 фоизи мардону заноне, ки мехоҳанд соҳиби фарзандони худашон шаванд, бебаҳра мондаанд.

                       Вақте мард бемор аст

Дар раванди ҳомиладоршавӣ на танҳо қобилияти шаҳвонии мард, балки ба сифат ва суръати ҳаракати сперматозоидҳо нақши муҳим дорад. Омилҳои безурётии мардон зиёд ва гуногун буда, дар ҷараёни хориҷ шудани нуфта монеагӣ пайдо мешавад, ки оқибат ба безурётӣ оварда мерасонад. Бо вуҷуди он ки ҳамарӯза дар ҷисми мардон ҳазорон сперматозоидҳо тавлид мешаванд, вале аз миёни ин шумора танҳо як ё дутои он то марҳилаи лозимӣ фаъол мемонад.

                 Сабабҳои безурриётии мардона

Сабабҳои безурриётӣ бисёранд, вале се омил дар байни мардон бештар ба назар мерасад:

  1. Солим набудани сперматозоид (қобилияти пасти ҳаётии онҳо)
  2. Камшавии шумораи сперматозоидҳо
  3. Вайроншавии ҷараёти ҳаракати сперматозоидҳо.

           Чаро мард аз лаззати падар шудан маҳрум                         мегардад?

Даҳҳо омилҳое ҳастанд, ки боиси безурриёт шудани мард гашта метавонанд, вале мо танҳо чандтои онҳоро номбар мекунем.

  1. Варикосел-васеъшавии рагҳои тухмдони мард ва роҳҳои баромада сперматозоидҳо. Ин иллат боиси баланд шудани ҳарорат дар тухмдонҳои мард мегардад ва дар натиҷа сохт ва суръати ҳаракати сперматозоидҳо вайрон мешавад.
  2. Захм ва осебҳои гуногуни узвҳои мардона
  3. Бемориҳои сирояткунанда, хоса касалиҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд: гонорея, сифилис, хламидиоз, трихомониаз... Аз тамоми бемориҳои сироятӣ касалии свинка ба қобилияти наслгузории инсон таъсири бад мерасонад. Мард, агар дар давраи кӯдакиаш ба ин беморӣ гирифтор шуда бошад, баъди ба камол расидан бо мушкилоти бенаслӣ рӯ ба рӯ мегардад.
  4. Шамолкашии узвҳои ҷинсии мардона, аз ҷумла илтиҳоби ғадуди простата (простатит) ва роҳҳои пешобгузар (уретит)
  5. Вайроншавии раванди фаъолияти шаҳвонӣ.
  6. Мушкилоти иммунологӣ ва қувваи муҳофизатии организм. Бо сабаби паст шудани иммунитет дар ҷисми инсон баъзе моддаҳое пайдо шуда метавонанд, ки сперматозоидҳоро аз дарун мехӯранд ё сохту суръати ҳаракаташонро вайрон менамоянд.
  7. Вайроншавии сатҳи ҳормонҳо, хоса кам шудани ҳормони мардонаи тестостерон.
  8. Аз ҳад зиёд нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ, кашидани бангдона, нашъа ва сигор.
  9. Баъзе дорувориҳо, аз ҷумла доруҳое, ки ба асаб ва майнаи сари инсон таъсир мерасонанд. (психотропние лекарства)
  10. Муҳити носолим ва риоя накардан ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ. Радиатсия, норасоии витамини С ва синк, ҳатто пӯшидани либосҳои тагпӯши аз ҳад танг метавонад мардро бе насл гардонад.

                        Роҳ ба кӯйи мақсуд

Барои ҳал намудани мушкилоти бефарзандӣ пеш аз ҳама сабабҳои онро муайян намуда, сари вақт аз пайи табобат шудан лозим аст.

Аксари иллат ва бемориҳое, ки ба насл гузоштани мард монеъ мешаванд, табобатшавандаанд, вале барои ин мард бояд қавиирода бошад ва ҳеҷ гоҳ навмед нашавад. Илми тиб имрӯз бисёр пеш рафтааст ва бо усулҳои гуногун метавонад ҷуфтҳои оилавиро ба муроди дилашон расонида, соҳиби фарзанд гардонад. Роҳҳои маъмултарини ба мақсад расонидани шахсони ташнаи фарзанд инҳоянд:

1. Фаъол гардонидани кори тухмдонҳо тавассути доруворӣ.

2. Инсеминатсияи сунъӣ. (Ин усул дар ҳолати паст будани қобилияти шаҳвонии мард ва кам ё суст будани суръати ҳаракати сперматозоидҳо ба кор бурда мешавад.)

3. ЭКО-пайванди ҳуҷайраҳои насловари зану шавҳар дар шароити лабораторӣ ва баъдан аз шишачаи махсус (пробирка) ба бачадони зан кӯчонидани тухмҳуҷайраи бордоршуда.

                            Навмед нашавед!

Ба ғайр аз роҳҳои номбаршуда боз чандин усулҳои дигаре ҳастанд, ки мушкилоти бефарзандиро ҳал карда метавонанд, барои ҳамин мо ба мардоне, ки то ҳол лаззати падар шуданро начашидаанд, маслиҳат медиҳем, ки ҳеҷ гоҳ аз зиндагӣ навмед ва барои вайрон кардани ҳаёти оилавиашон саросема нашаванд. Илми тиб ҳазорон зану шавҳарони солҳо ташнаи фарзандро ба мақсуд расонидааст. Шумо ҳам бо дили гарм аз пайи табобат шуда, дер ё зуд соҳиби фарзанд шуда метавонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД