formula
Марде, ки нав аз маҳбас озод шудааст, алимент месупорад?
1405


Салом! Дар зиндагӣ як кори ато карда ба пушти панҷараи маҳбас афтидам. Занам бевафоӣ карда, кӯдаконамро гирифта аз хона баромада рафт.

Вақти дар маҳбас буданам аз ӯ дарак набуд, вале озод шуданамро фаҳмида, даъвои алимент карда истодааст. Ман ҳанӯз ягон ҷойи кор надорам. ё суд метавонад аз собиқ маҳбус алимент ситонад, агар ӯ дар ягон ҷой кор накунад ва манбаъи даромад надошта бошад?
Диловар аз шаҳри Ваҳдат

Посухи адвокат Холида Шомирзоева

Бародари азиз! Мувофиқи қонун волидон уҳдадоранд, ки фарзандони ноболиғашонро таъмин кунанд. Падар, агар бо хоҳиши худаш ин уҳдадориашонро иҷро накунанд, алимент ба тариқи судӣ ситонида мешавад.

Дар вақти муайян намудан ва ситонидани алимент ҳама ҳолатҳо ба инобат гирифта шуда, суд бо дарназардошти вазъи молиявии тарафҳо маблағи алиментро муқаррар менамоянд. Албатта кор кардан ё накардани мард низ ба инобат гирифта мешавад, аммо ин асос барои озод шудан аз уҳдадориисупурдани алимент гашта наметавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД