Arzon march 2024
Марди бе зан агар зани ҳомила хоб бинад чӣ таъбир дорад?
17.06.2023
ОИЛА
1163

Салом! Ман марди муҷаррад ҳастам, вале ҳар шаб хоб мебинам, ки бо зани ҳомиладоре издивоҷ кардаам. Ин хоби ман чӣ таъбир дошта метавонад?

Алӣ, сокини шаҳри Кулоб

Агар марди муҷаррад хоб бинад, ки зан дорад ва ҳамсараш ҳомила аст, бо зани зебои худотарс ва меҳрубону покдомоне оиладор мешавад. Агар духтари ҷавон дар хоб худро ҳомиладор бубинад, барояш хостгори хубе пайдо шуда, бо инояти Парвардигори олам ба шавҳар мебарояд ва соҳиби оилаи обод мегардад.

Аммо, дидани зани бадафти ҳомиладор дар хоб чандон хуб набуда, шахси хобдидаро ташвишу изтироби зиёде интизор аст. Зани зебои ҳомиларо дар хоб дидан фоли нек буда, ба пайдо шудани сарчашмаи ногаҳонии даромад ишорат мекунад. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, даромади калони пулӣ ба даст меорад, вале барои онро соҳиб шудан бояд хеле талош варзида, ранҷ кашад ва меҳнат кунад.

Хоб бинед, ки ҳамсаратон ҳомиладор шуда, писар таваллуд кардааст, дар ҳама ҷодаҳо шуморо комёбӣ ва муввафақиятҳои бузург интизоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД