toyota motors
Марди идеалӣ аз нигоҳи зан
07.06.2026
Oila.tj
61

Аслан дар саросари дунё шахсеро пайдо намудан душвор аст, ки ягон камбудӣ надошта бошад, вале аксари занону духтарон марди идеалӣ меҷӯянд. Марди асил ё марди идеалӣ бояд чӣ гуна бошад?

Бо ин савол мо ба чанд нафар бонувон муроҷиат кардем ва инак фикру андешаҳои онҳоро пешкашатон месозем. Шумо ҳам метавонед назари худро дар бораи марди идеалӣ дар шарҳи мавод нависед.

МАВЗУНА, донишҷӯ:

Мардро мард мекардагӣ ҳам зан асту номард мекардагӣ ҳам зан

Ягон кас аз модараш марди асил таваллуд намешавад. Барои мардро ба маънии томаш мард сохтан зан бояд талош намояд. Марде, ки хонуми хуб дорад, оҳиста-оҳиста ба зинаҳои баланд мерасад, вале зан бефаросат бошад, марди бузургро оқибат хори сари роҳ ва ҳақиру нотавон хоҳад кард. Беҳуда Ҳаким Фирдавсӣ нагуфтааст:

Зани хубу фармонбару порсо,

Кунад марди дарвешро подшоҳ.

ЗАРРИНА, коргар:

Мардҳои асил мисли динозаврҳо нест шуданд

Ман то имрӯз марди асилро вонахӯрдаам. Гумон мекунам, ки аслан дар зиндагии имрӯзаи мо марди идеалӣ вуҷуд надорад, чунки қариб ҳама мардон занҳоро хор мекунанд, дашном медиҳанд, мезананд ва озор дода, ҳуқуқҳои бонувонро поймол месозанд. Мардони асил ким-кайҳо мисли динозаврҳо мурда рафтаанд.

АНЗУРАТ, хонашин:

Марди асил занро бозича намесозад

Ба фикри ман дар замони мо марди идеалӣ боқӣ намондааст, чунки марди ҳақиқӣ бо ишқ бозӣ карда, танҳо барои худнамоӣ чанд зан намегирад. Занҳои якум гумон мекунанд, ки занҳои дуюм эркаю азиз ҳастанду мисли шоҳбону зиндагӣ мекунанд, вале дар асл чунин нест. Худи ман зани дуюм ҳастам ва ошкоро мегӯям, ки хушбахт нестам. Шавҳарам ҳафтае як бор ба хона меояд ва албатта бо ягон баҳона диламро сиёҳ карда меравад. Тақдирам ҳамин будааст, чӣ кор кунам? Дар рӯзи иди мардон ба кошонаи ҳусн рафта, худамро орову торо медиҳаму омадани шавҳарамро интизор мешавам.

ҲУСЕЙНОВА, хонашин:

Мардҳои тоҷик ҳамаашон идеалӣ ҳастанд

Ман ҳамон мардро дар ҳаёт марди идеалӣ меҳисобам, ки хушфеъл бошад, хушрафтор бошад, дорои хислатҳои хуби мардона бошад, ҳурмату эҳтироми оилаашро ба ҷо биёрад, фарзандонашро дар рӯҳияи одамгарӣ тарбия намояд, барои Ватану миллат содиқона хизмат кунад. Мардҳои мо ҳамаашон идеалӣ ҳастанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД