formula
Марди вахшӣ дар мардикорбозори Ҳисор мурд
7451

Имрӯз, тахминан соатҳои 8.30-9.00 дар мардикорбозори Ҳисор, ки дар як гӯшаи бозори марказии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, як марди тахминан 55-60 сола дар канори роҳи одамгузар ҷон ба ҷонситон супурдааст.

Тавре ки шоҳидони ҳодиса дар сухбат ба хабарнигори оила тч гуфтанд, ин мард аслан аз ноҳияи Вахш буда, дар ҷустуҷӯи кор ба Ҳисор омадааст.

Мардикороне, ки дар ин бозор ҳамарӯза ризқу рӯзии хешро меҷӯянд, мегӯянд, аксари корфармоён мардони синну солашон ҷавон ва бо китфу бозуро киро мекунанд. Азбаски умри ин мард ба ҷое расида буд, ба ӯ камтар таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд.

Ба қавли шоҳидони ҳол, ин марди бечора ба хотири дарёфти қути лоямут зорию тавалло менамудааст, ки ӯро киро кунанд, синну солаш калонтар бошад ҳам, аз ҷавонҳо беҳтар кор карда метавонад, аммо корфармоён ба суханонаш бовар накарда, мардикорони ҷавонтарро киро карда мебурданд. Барор нагирифтани кораш ин мардро сахт асабонию малул гардонида буд ва пайваста оҳи бадард мекашид.

Билохира, ин марди бетолеъ аз шиддати гармии ҳаво ё бемории номаълум дар мардикорбозори Ҳисор ҷон додааст.

Шоҳидон мегӯянд, қабл аз маргаш ӯ як шиша оби сард нӯшида буд.    

Ёдрас мешавем, ки бекорӣ имрӯз дар Тоҷикистон ба мушкили №1 табдил ёфтааст. Бо сабаби душвор будани пайдо кардани кори муносиб дар Ватан ҳамасола ҳазорон-ҳазор ҷавонмардони тоҷик дар ҷустуҷӯи ризқу рӯзии худ ва аҳли хонаводаашон ба Русия ва дигар кишварҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Касоне, ки имкони ба муҳоҷрати меҳнатӣ рафтанро надоранд, дар мардикорбозор, ки қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳо вуҷуд дорад, интизори корфармоён мешаванд, то бо корҳои мувақатӣ дастмояе барои пешбурди рӯзгори хеш ба даст оваранд, аммо дар ин ҷо на ҳамеша кори корҷӯён барор мегиранд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(22)
Parviz Bobomurodov 2019-07-01, 12:52
ина лилоҳи ва иноалайҳи роҷеун
Посух
Фируза Исмаилова 2019-07-01, 12:53
Худо рахматуш куна
Посух
Parviz Bobomurodov 2019-07-01, 12:53
ина лилоҳи ва иноалайҳи роҷеун
Посух
тамара Халикова 2019-07-01, 13:02
Худо рахмат кунад
Посух
Мanizha Davlat 2019-07-01, 14:22
??
Посух
Умеджон 2019-07-01, 19:55
Аллохи мехрубон шаходати ин шахсро кабул фармояд. Ва чойгохи охираташро аз чаннатул Фирдавс дихад.
Посух
Хусрав Ҳ 2019-07-01, 21:20
Чаро марди вахши?мешуд менависондед; истиқоматкунандаи н.Вахш
Посух
Ммм 2019-07-01, 22:04
Ай чи мемурд дига ай гушнаги даа !! Шиками сер кай парвои гуруснахо дорад!!
Посух
Ноза 2019-07-01, 22:45
«Вахши»???, аз Вахш!!!
Посух
Мастура 2019-07-02, 08:42
Худо рахмат кунад
Посух
Shamsidin Zarifi 2019-07-02, 12:03
Инна лилЛахи ва инна илЛайхи рачиъун
Посух
Татьяна Ким 2019-07-02, 12:04
До каких пор будет это безобразие ?в стране нет для простого народа работы , вот и вынуждены вот таким адским трудом зарабатывать чтоб "прокормить" свои семья , а те кто могут уехать заграницу на заработки, то живут отдельно от своих семей и не видят...
Посух
Насим Алиев 2019-07-02, 12:04
Худованд гарикаи рахмату шоистаи чаннат кунад ба ахли оилашон сабри чамил ато кунад.Омин рабулл оламин.
Посух
Муроджон Сохибов 2019-07-02, 12:04
Татьяна Ким верно, украл выпил в тюрьму как джентельмены удачи, а щась украл выпил в Майями Дубай и другие курортные острова
Посух
Татьяна Ким 2019-07-02, 12:05
Муроджон Сохибов зато наши чиновники не знают куда деньги варованные у народа деть ????
Посух
Розия Бадридинова 2019-07-02, 12:05
Барои чи хама тамошобинанд?Гирифта манаша намебанданд,рост хобаш накарданд?
Посух
Сураё Шуджоат 2019-07-02, 12:06
Як ноновари хона рафт Чонаш аз хама мушкилихои зиндаги ва гарданкачи халос шуд. Худованд рахматаш кунад!
Посух
Мирзоҳалим Сангинов 2019-07-02, 12:06
Марди ваҳши? Ё аз ноҳияи Вахш?
Посух
Мухайё Хомидова 2019-07-02, 13:14
Худованд рахмату махфират кунад ??
Посух
Мборакшо 2019-07-02, 15:58
Худо ҷояшро ҷанат гардонад
Посух
Shujoatullo_tillo 2019-07-04, 13:11
Марди вахши-ро ба фикрам чанде аз Шумо ба маънои чун марди даштиву ёбои ё берахму золим кабул кардед, аммо ингуна нест. Мард зодаи Вахшзамин (яъне аз Вахш) аст. З-ин лихоз ингуна номгузори шудааст, сарнависти кутохи ин марди майдоне, ки аз пайи чусту чуи ризку рузии халол ва бо уммеди таъмини рузгори наздиконаш чон супорид.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД