sebiston july new
Марги 12 модар дар 12 моҳ
656


Дар вилояти Суғд давоми 12 моҳи соли сипаришуда 12 ҳолати фавти модарон ҳангоми тавлиди фарзанд ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳисоби миёна моҳе як зан сари фарзанд меравад”.

Бино ба иттилои Пӯлотзода Илҳом Пӯлот , Сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар рафти таҳлили фавти модаронон аз тарафи Хадамот чораҳои зерин андешида шудаанд:
-Ҷаримабандӣ нисбати -4 нафар кормандони тиббии масъул
-Муҷозоти интизоми нисбати- 8 нафар кормандони тиб
-Пешниҳод оиди аз вазифа озод намудан нисбати 8 нафар кормандони тиб
-Гузаштан аз курси такмили ихтисоси ғайринавбати- 3 нафар кормандони тиб
Дар робита ба ин масъала ҳамчунин аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гузаштани курси такмили ихтисоси ғайринавбатии -7 нафар ва ба дигар вазифа гузаронида шудани 3 нафар кормандони тиб тадбиқ карда шуд.
Айни ҳол як ҳодисаи вафти модар дар марҳилаи санҷиш қарор дорад.

Фоҷиаи пурсару садои Хурсанд
Яке аз ин 12 ҳолати марги модар модар ҳангоми тавлиди фарзанд фоҷиаи Хурсанд Ибррҳимова, сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд буд. Ин зан қурбони ҷарроҳии номуваффақ гашт. Вақте зан барои ташхис меравад, духтурон муайян мекунанд, ки дараҷаи биноишаш паст аст ва бояд тариқи ҷарроҳии чоки қайсар тифлашро ба дунё орад. Хурсанд Иброҳимова 34-сола ва модари 3 фарзанд бо пойи худ барои ба дунё овардани тилфи чорумаш ба таваллудхона рафта буд, вале аз он ҷо ҷисми беҷонашро ба хона оварданд.

Вале духтурон “дараҷаи биноияш паст аст, мустақилона таваллуд карданаш мумкин нест” гӯён, занро ҷарроҳӣ мекунанд, амалиёти буриши чоки қайсар номуваффақона гузашта, боиси бад шудани ҳолати Иброҳимова мегардад. Пас аз ин занро боз 4 бори дигар ҷарроҳӣ карда бошанд ҳам, табибон ба зан ёрӣ расонида натавонистанд. Хурсанд Иброҳимова, ки бо пои худаш ба беморхона рафта буд, баъди беш аз 70 рӯзи пайи ҳам ҷароҳӣ шудану дар шӯъбаи эҳё қарор доштан билохир рӯи тифлаки навзодашро надида бо дадили пурормон аз дунё гузашт.
Духтуре, ки Хурсанд Иброҳимоваро ҷарроҳии нобарор карда буд, ариза навишта “бо хоҳиши худаш” аз кор рафт.
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД