Arzon april 2022
МАРГИ НОБАҲАНГОМИ ВАЛИҶОН
31.07.2021
ОИЛА
11374

 

Марги нобаҳангоми Валии 25-сола модари ӯро тамоман аз пой афтонд. Магар дарду алами модар ба худаш кифоя набуд, ки боз тақдир ӯро бо марги фарзанд имтиҳон кард?

Меҳрӣ, модари Валӣ аз шавҳараш, ки марди бадмасту ҷанҷолӣ буд, ҷудо шуда, бо маслиҳати як дугонааш бо чор фарзанд, се писару як духтар аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хуҷанд кӯчид ва дар он ҷо бо қарзу қавола хона харида, зиндагиашро давом дод.

Валӣ, ки писари калонии оила буд, донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм карда, саробонии оиларо ба уҳда гирифт ва ёрдамчии модар шуд. Ӯ роҳ пеш гирифт ҷониби муҳоҷират, то худу оилаашро аз вартаи гуруснагиву нодорӣ наҷот диҳад, аммо тақдири бераҳм нагузошт, ки Валии ҳанӯз аз сад гул як гулаш нашукуфта ба орзуҳои худ бирасад.

Марг ногаҳон ҷони Валиро қабз кард ва ҷасади беҷони ӯро аз шаҳри Маскав ба шаҳри Бохтар оварданд. Валӣ дар давраи донишҷӯияш гоҳ дар Душанбе, дар хонаи тағояш ва гоҳи дигар дар Бохтар, дар хонаи бибияш зиндагӣ мекард. Марги Валӣ барои бибияш, ки ӯро аз ҳама зиёдтар дӯст медошт, зарбаи сахте буд. Пиразан зуд-зуд аз ҳуш мерафт ва ба марги наберааш ҳеҷ бовар кардан намехост. Бибии Валӣ орзу дошт, ки набераашро бо духтари ҳамсояаш хонадор карда, дар хонаи худаш мешинонад, то баъди маргаш чароғи хонаашро фурӯзон нигоҳ дорад. Аммо Валӣ ғӯрамарг шуду ин ҳама орзуву ҳавасҳоро бо худ ба зери хоки сард бурд.

Фаттоева Дилбар,

аз ш.Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД