formula
Марҳилаи дуюми Суперлига кай оғоз мешавад?
781

Марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон-2023 бо баргузории се бозии даври панҷум анҷом ёфт. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.

Дар бозии марказии даври панҷум «Соро компания» бар «Амонатбонк» бо ҳисоби 6:4 пирӯз шуд. Дар бозии дигар футзалбозони «Истиқлол» ба дарвозаи  «Истаравшан» чордаҳ гол заданд.

«Самандар»-и Турсунзода дар меҳмонӣ бар «Пойтахт» бо ҳисоби 8:5 пирӯз шуда, аввалин ғалабаашро дар мавсим ба даст овард.

Ҳамин тариқ, пас аз марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон ду даста – «Истиқлол» ва «Соро компания» бо 13-имтиёзӣ дар садри ҷадвал қарор доранд.

Дар робита ба иштироки мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар чемпионати мамлакат танаффус эълон шуд. Марҳилаи дуюми Суперлига аввали моҳи август оғоз мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД