Маризон аз давлатҳои хориҷӣ барои пайванди узв ба Тоҷикистон меоянд
28.01.2026
Оила
235

Маризон аз хориҷи кишвар барои пайванди узвҳои инсон ба Тоҷикистон меоянд

Соли 2025 табибони тоҷик 330 ҷарроҳии пайванди узвҳои инсонро анҷом додаанд, ки 99-тояш дар кӯдакон ва 95-тои дигараш дар бадани шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирифтааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода маълумот доданд.

Арзиши пайванди узвҳои инсон дар Тоҷикистон чи қадар аст ва бештар аз кадом давлатҳо барои анҷом додани пайванди узв ба кишвари мо меоянд, маълум нест, вале тавре ки вазир гуфт, соли гузашта табибони тоҷик 222 ҷарроҳии пайванди гурда ва 108 ҷарроҳии пайванди ҷигарро анҷом додаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 32 адад зиёд мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД