Маркази миллии тестӣ барои довталабон имсол чанд навгонӣ ворид намудааст
Маркази миллии тестӣ бо мақсади осон намудани кори довталабон имсол чанд навгонӣ ворид намудааст.
- Саволу масъалаҳои навъи кушода – бо ҷавобҳои кӯтоҳ дар субтестҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ва арабӣ) ворид карда шудаанд.
- Субтестҳо аз забонҳои немисӣ, фаронсавӣ ва арабӣ дар шакли варақаҳои алоҳида чоп карда мешавад.
- Тартиби нави интихоби ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсуси Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода пешниҳод гардидааст. Довталабон аз ин донишкада то 12 комбинатсияи ихтисоси супоридани имтиҳони қисми В-ро талабкунандаро, новобаста аз он ки талаботи имтиҳонҳо чӣ гуна аст, интихоб карда метавонанд.
- Дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода даршаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ, Кӯлоб ва ноҳияҳои Дарвоз, Рашт ва Айнӣ барои баргузории имтиҳонҳои эҷодӣ ва ё маҳорати махсус марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд.
- Барои довталабоне, ки ихтисосҳои самти филологияи узбекро интихоб мекунанд, маҳдудият бекор карда мешавад.
- Маркази миллии тестӣ дар шакли ҷадвали интерактивӣ комбинатсияи ихтисосҳоеро, ки ба довталабон пешниҳод карда мешаванд, дар сомонаи Марказ (https://spec.ntc.tj/) ҷойгир менамояд.