Arzon march 2024
Маро хуштоманкуш мегӯянд...
2522

Як сол пеш падару модарам маро ба Шарифбек ном ҷавоне,ки дар умрам надида будам, ба шавҳар доданд. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки аз рӯзҳои аввали зиндагӣ ситораам бо хуштоманам рост наомад.


Ҳарчанд хизматашро аз таҳти дил мекардам, дар чашми кампир наметофт. Вай мудом ба ҳар як кори ман эрод мегирифт. Шабҳоро бо гиря саҳар мекардам. "Болои сӯхта намакоб" - гуфтагӣ барин, модаршӯям ҳамеша маро дар назди писараш сиёҳ карда, зери мушту лагад мемонд. Ҳамин тавр, бар асари бадгӯиҳои хушдоманам оҳиста – оҳиста байни ману шавҳарам дилхунукӣ сар зад. Соҳиби фарзанд гашта бошем ҳам, шавҳарам ба ман ягон зарра меҳру муҳаббат надошт ва бо гардани баста ба хона меомад. 

Як рӯзи сарди зимистон дар хонаи хоби хушдоманам дар печка алоб кардаму ангиштсангро каме зиёдтар андохтам. Хушдоманам ҳамон рӯз ба куҷое меҳмонӣ рафта буд. Шом аз меҳмонӣ баргашта, хонаи гарму нармро дида модаршӯям бори аввал маро таъриф кард ва гуфт, ки пагоҳ даҳрӯза ба истироҳатгоҳ меравад. Зуд аз пайи тайёр кардани либосҳояш шудам, вале...


МУЪҶИЗАИ ПАРВАРДИГОР


Ҳамон шаби наҳс хушдоманамро гази ангиштсанг бурдааст. Субҳ дари хонаи хобашро кушодаму дар ҷоям шах шуда мондам. Аз даҳони хушдоманам кафкобаи сиёҳ мерафт. Талхакаф шуда, доду фарёдкунон шавҳарамро бедор кардам. Вай зуд модарашро рӯи дастонаш бардошта ба беморхона бурд, вале духтурҳо натавонистанд ҷони модаршӯямро наҷот диҳанд. Қарибиҳои нисфирӯзӣ ҷисми беҷони хушдоманамро ба хона оварданду фиғони аҳли оила ба фалак печид. Пас аз гӯру чӯб кардани хушдоманам духтарҳояш "худозада, очаи моро ту куштӣ“- гӯён ба сари ман шӯриданд ва ҳатто аз болоям ба милиса аризаи шикоятӣ навиштанд. Азбаски қасдан накарда будам, маро бо ягон роҳ ба пушти панҷара шинонда натавонистанд, вале номам ба бадӣ баромад. Акнун мардум аз пасам миш - миш карда мегарданд, ки "ҳамин ҷавонзан барқасд дар печкаи хонаи хушдоманаш ангишти бисёр андохта, ӯро куштааст". Ин гапҳоро шунида, хун ба сарам мезанад, вале ба кадом яки онҳо мефаҳмонӣ, ки ман инҷо ягон гуноҳ надорам. Зеро тақдиру насиби кампир ҳамин будааст...
Аз ҳама аламовараш он аст, ки шавҳарам низ чунин ақида дорад. Вай ошкоро мегӯяд, ки модарам туро азоб медод. Брои ҳамин, ту қасдан ӯро бо гази ангишт куштӣ. Таънаю маломати қайсингил, мушту лагади шавҳар ва гапи мардум ҷонамро ба лабам расонидааст. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам? Кӯдакамро гирифта, баромада равам ё гушамро ба карӣ зада, хуни ҷигар хӯрда гардам? 

Умедаи дидагирён

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД