arzon replenishment
Маро номард гӯед аммо... (қисми 3)
2309

 Давомаш...                                               

                 Зиндагии нав                                      Ман  ба хобгоҳ назди як рафиқи наздикам рафта, ба вай гуфтам, ки аз занам ҷудо мешаваму агар лозим донад, чанд рўз бо вай зиндагӣ кунам, ў иҷозат дод.

Гардиши қисматро бинед, ки ба ҷойи дигар рафтан лозим ҳам нашуду байни як ҳафта сардорамонро аз кор гирифтанд ва ман дар ҳамон ҷойи кори пешинаам кор кардан гирифтам.

Боз ариза навишта, ба хобгоҳ баргаштам, Лайлӣ низ аз кор рафт. Баъд ҳамкоронам дар бораи занам он қадар нақлҳое карданд, ки ба қавле даҳонам канд…

Ба гуфти онҳо Лайлӣ аёми духтарияш бо сардор мисли зану шавҳар зиндагӣ мекардаанду маро низ маҳз ошиқаш ба ў тавсия додааст. Ман ҳатто барои гирифтани сару либосам дигар ба хонаам нарафтам ва тариқи суд қонунӣ аз Лайлӣ ҷудо шудам, вале Бонучаамро фаромӯш карда наметавонистам.

Лайлӣ ҳамроҳи ошиқаш чун котиба ба ҷойи дигар ба кор рафта буду ман ба хотири духтарам ба хонаи хушдоманам мерафтаму бо ёрии ин зани хуб ўро дида меомадам. Духтарам низ омадани маро мунтазир мешуд, мо якҷоя ба сайругашт мерафтем…

Баъди як соли ин ҳодисаҳои нангини ба сарам омада бори дуввум бо хости волидонам хонадор шудам, Санавбар духтари як хеши дурамон буд. Ман зуд ба занам дил додам, зеро духтари соҳибҷамолу пурҳунару порсое буд.

Шояд паи қадами неки занам буд, ки ман дар як муддати кўтоҳ дар зинаҳои мансаб боло мерафтаму соҳиби хонаи зебои сеҳуҷрагӣ дар маркази шаҳр низ шудем. Ман акнун муовини сарвари корхона будам, Санавбар бароям ду писари нозанин таваллуд карда, сарамро ба осмон расонд. Муносибати занам бо Бону хуб бошад ҳам, ў Санавбару додаронашро дўст намедошту ҳама вақт “ту модари маро партофтӣ” гўён, норозигӣ мекард.

Ошиқаш Лайлиро партофт ва думболи зани ҷавонтареро гирифт, акнун ў ба воситаи духтарамон аз ман пул меканду зиндагияшро пеш мебурд. Ман, ки духтармро дўст медоштам, ҳама хостаҳои онҳоро иҷро мекардам, то он даме, ки…

                   Зан не, тилло

Солҳо дигар шуданду шӯравӣ барҳам хўрд, корхонаи мо низ варшикаста шуд ва ман рў овардам ба тиҷорату муваффақ шудам. Акнун чанд ширкати тиҷоратӣ зиндагии бошукўҳ доштам. Ин ҳама рашки Лайлиро меовард ва духтарамро зиёдтар бо ман ҷанг меандохт, дар дидори навбатӣ Бону аз ман хоҳиш кард то барояш дар маркази шаҳр хонаи алоҳида бигирам.

Ў дар курси охири донишгоҳ мехонд, ман ба ў гуфтам, ки аввал донишгоҳро хатм карда, ҷойи кор ва шавҳар биёб, ман барои ту беҳтарин хонаро харидорӣ мекунам. Бону аз ин гапи ман ба ѓазаб омада фарёд зад:

-Ба он беваи қишлоқӣ ва ҳаромиҳояш мумкину ба ман не?!

Ман аз бадгўйиҳои ў хун ба сарам зада бошад ҳам, оромона гуфтам:

-Он қишлоқӣ зани ман ва ҳаромиҳои мегуфтаат, фарзандони ман ва додарони ту ҳастанд! Агар бори дигар дар бораи онҳо ҳарфи баде мегўӣ, забонатро мебурам…

Он рўз бо димоѓи гирифта ба хона омадаму ба Санавбари меҳрубонам дар бораи пешхезиҳои Бону нақл кардам. Санавбар маслиҳатам дод, ки хоҳиши духтарамро иҷро кунам…

Он айём падару модарам аз дунё гузашта буданду ду бародарам ба пойтахт кўч баста, ҳамроҳам кор мекарданд. Ман ба бародаронам гуфтам, ки барои Бону хонаи панҷҳуҷрагии зебое ёфта, харидорӣ кунанд ва дар муддати се моҳ хонаро харида, таъмир карда ба дасти Бону супоридем. Бону камтар меҳрубон шуда буду “дадаҷон” гўён, дар гарданам худашро овезон мекард, аммо…

                                

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД