formula
Маро рус не, тоҷики худам фиреб кард
1820
МУҲОҶИРОНИ ФИРЕБХӮРДА ПУЛАШОНРО РӮЁНИДА МЕТАВОНАНД?

“Қатори дигар мардҳои деҳаамон ман ҳам се сол боз Русия мардикорӣ рафта меоям.

Ростӣ ду соли аввал корам чандон бад набуд, душвор бошад ҳам, ба хунукиҳои мулки рус тоқат карда, кор мекардам ва бо киссаҳои пур ба хона баргашта, кам-кам шароити зиндагиамонро беҳтар мекардам, вале имсол моро дар Русия ба қавли мардуми рус “кидат” карданд. Чанд моҳ ғулом барин кор фармуданду як тин пул надоданд...”

Ин қиссаи Аҳлиддин ном муҳоҷири тоҷик аст, ки барои кашонидани аробаи зиндагӣ ва дарёфти қути лоямуд баҳри зану фарзандонашрӯ ба кишвари рус овардааст, вале ба доми фиреб афтодааст. Ин ҷавони тоҷикро бегонаҳо не, ҳаммиллатони худаш “кидат” карда, чанд моҳ мисли ғулом кор фармуда, музди меҳнаташро надодаанд.

Аҳлиддин ба ҷойи бо киссаҳои пур баргаштан аз Русия бо қарзу қаволаи зиёд ба Ватан баргашт. Акнун у бояд ба куҷо муроҷиат кунад? Оё ягон роҳи рӯёнидани пули бо хуни ҷигар кор кардааш аз он корфармоёни фиребгар вуҷуд дорад? Мавзӯи барномаи имрӯзаи “Муҳоҷирати бехатар” фиреби муҳоҷирон, истисмори меҳнатӣ ва роҳҳои пешгирии чунин ҳодисаҳо буда, коршиносони масоили муҳоҷират Зуҳро Муборова, корманди Ташкилоти ҷамъиятии “Фемида” ва Асрори Зиёвуддин, намояндагои Вазорати корҳои дохилии кишвар ба Аҳлиддин ва дигар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик маслиҳатҳои судманд медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД