arzon replenishment
Маро шавҳарам дар қимор бохт Қисми 2
1393

                     Зиндагинома ва сири мома

 

Байни чор писар духтари ягона ва ноздонаи волидон будам, падару бародаронам ба ҷонам бечора буданд. Модарам, ки духтари домуллои овозадор ва зани порсое буданд, дар ҳафтсолагӣ хондани Қуръонро бароям омӯхтанд, инчунин таому ҳунарҳои занонаро. Хостгоронам аз мӯйи сарам зиёд буданд, модарам мехостанд ман келини таѓоям шавам. Писари таѓоям донандаи хуби дини ислом бошанд ҳам, донишгоҳ низ хонадаву дар як сохтори давлатӣ ифои вазифа мекарданд, аммо падарам қатъиян ба ин зид буданд. Падарам сардори бригадаи пахтакорӣ буданд ва кишоварзи хеле машҳур, он замонҳо ин вазифа калону обрӯманд ҳисоб мешуд. Раиси ҷамоатамон рафиқи наздикаш буд ва ҳар гоҳе ба хона биёяд, таъкид мекард, ки ман Нигорро барои писари ягонаам келин мекунам. Писари раиси ҷамоат Асо ҷавонмарди зебо, дорои маълумоти олӣ, вале хеле эркаю саркаш буд. Доим савори мошини он вақтҳо овозадори Волга чанги кӯчаҳоро хезонда мерафту меомад. Дар оилаи мо гапи падарам қонун буд ва маро бо Асо фотеҳа карданд. Ҳарчанд модарам “воҳ рум сиёҳе, духтарама бо сари бараҳна «сари устал» набароред” гуфта бошад ҳам, аммо хусурам ман як писар дорам гӯён, моро тӯйи он вақтҳо машҳури «комсомолӣ» карданд. Ман аз зери чодар ошиқи шавҳарам шудам, чӣ қадар хушбахт будам, ки ҷавони зеботарини ноҳия писари раис маро ба занӣ гирифтааст. Шавҳарам низ маро дӯст медошт, хусуру хушдоманам маро чун духтар қабул намуданд. Зиндагии шоистае доштем, он вақтҳо ҳама занон дар заминҳои пахта кор мекарданд, аммо ман не, эркаи хусуру хушдоман ва шавҳар будам. Шавҳарам як камбудӣ дошт, ки баъзе шабҳо дер ба хона меомад ё намеомад, ба гӯшаш на насиҳати падараш медаромаду на аз модараш.Ӯ пули зиёде дошт, бароям беҳтарин чизҳоро мехарид, вале ман қиссаи шаб гум шуданҳои ӯро намедонистам. Агар пурсам, мегуфт, ки бо ҳамкорон нишаст доштем, қиссаи шабгардиҳои шавҳарам оқибат ба ҳаёти оилавии мо оташ зад…

 

         Дар қимор бой додани келин

Як шаб шавҳарам дер карду мани семоҳа ҳомиладор, натарсам гӯён, бо хушдоманам хобидам. Тобистон буду хусурам дар рӯйи кати зери ҳавозаи ангур танҳо ба фикр фурӯ рафта менишаст. Намедонам чанд ҳис аз шаб гузашт, ки аз ѓалоѓула бедор шудам. Ҳамроҳи хушдоманам берун баромадем, дар рӯйи ҳавлӣ Асо бо ду мард ва хусурам кашмокаш доштанд. Асо маро дида, аз дастам гирифту бурда ба баѓали ҷавони қоматбаланди узбек партофта гуфт:

-Ман се талоқаш кардам, гир поку ҳалол аз ту!!!

Ман намедонистам чӣ ходиса рӯй додааст, сари лучу пойи луч гурехтам, аз хонаи шавҳарам. То хонаи худамон ҳафт километр роҳро бо миёнаи пахтазору боѓҳо кутоҳ карда, аз сагони дайду гурехта, дар роҳ хареро аз тавелааш кушода савор шуда, ба санҷаи дарамон расидааму чанд бор оча гӯён афтидам. Чун ба худ омадам, муллое болои сарам дуо мехонд, дастамро ба шикамам бурда эҳсос кардам, ки кӯдакам дигар нест. Баъди шаш моҳ ба худ омадаму фаҳмидам, ки Асо маро дар қимор ба Очилдии лақай бой додааст. Баъди ин кор милисабозӣ шудаасту хусурамро аз кор гирифтанд, онҳо баъди ин шармандагӣ ба дигар ҷо кӯч бастанд.

 

               Хостгорӣ ва издивоҷ бо лақай

Чун ман ба по хестам, Очилдӣ хостгоронашро назди падарам фиристод, падарам бо ҳақорат онҳоро аз дар ронда гуфт, ки ба вай лақайи қиморбоз расонед, ки ба милиса арз мекунам. Аммо лақай хира баромад, шаби дигар худаш ба хонаамон омаду ба падарам гуфт, ки ман духтари шуморо дар қимор бурд кардаам, моли ман аст, номардӣ накунед. Ба хотири обрӯйи шумо боз хостгор фиристодам, чаро ин хел мекунед?! Ѓайричашмдошти ҳама худам ба берун баромада, Очилдиро аз зери шаттаву шалоқи акаи калониям халос карда гуфтам:

-Очилдӣ, аввал бо Қуръон қасам хӯр, ки дигар қиморбозӣ намекунӣ, баъд ту бева будиву ман бачаи хона гӯён, таънаам намесозӣ, ана баъд ман зани ту мешавам,- Очилдӣ хомӯш аз ҳавлиямон бадар шуду рӯзи дигар муллои қишлоқ ва китоби Қуръонро гирифта омада, пеши ҳамаи мо қасам хӯрда тавба кард, ҳамон шаб ба «Рум сиёҳе, Худо ҷазират кунад Асое» гуфтани модарам нигоҳ накарда, маро никоҳ карда, ба Очилдӣ доданд.

Шавҳарам баъди хонадор шудан бо ман ба чорводорӣ машѓул шуд, ман пайи ҳам шаш писар таваллуд кардам, Очилдӣ он қадар марди хуб буд, ки безебии чеҳрааш ба ман наметофт. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи волидону бародаронам ҳам ҷо шуд, ман аз зиндагӣ бо мӯйсафеди раҳматиям, ки яке аз шахсиятҳои баобрӯи ноҳия ва чӯпони номдор буданд, розии розиям. Асо баъди ин кирдораш ба май дода шуду дар садамаи нақлиётӣ вафот кард, модараш низ баъди марги ӯ аз сактаи қалб фавтид. Падараш зани нав гирифта, соҳиби фарзандҳо гашт….

Кампир нақл мекарду ҳама ба андеша рафта буданд, баъди хӯрдани оши буридаи бомаззаи келини хонадон бо кампири табаррук хайрухуш кардем, ҳамон лаҳза дар дил азм кардам, ки ин қиссаро хоҳам навишт то сабақе ба дигар ҷавонон шавад.

                                                              Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД