Commerce bank may-june 2026
Марворид чаро худкушӣ кард?
88

Тақрибан соатҳои 3-и шаб садои гиря баланд шуд. Тарсида бедор шудам. Дар аввал фикр кардам садо аз хонаи дигарамон аст, баъдан пай бурдам аз берун аст. Аз тиреза ба поён нигоҳ кардам: дар мошини боркашон (портер) бор аст, гӯё касе кӯч баста бошад. Борҳои вазнин ба замин фароварда шуданд ва боз овози гиряи як зан, ки мегуфт: «Ма ҳичко накадам»...

Садои гиря ба дил мезад, чун аз дил мебаромад. Андаки дигар гӯш мекардам, ман низ гиря мекардам...

Баъдан аз «дом»-и мо чанд нафар баромаданд ва борҳоро мегирифтанд, лекин ба гиряи ин зан касе аҳамият намедод. Хоб аз сарам парид, фаҳмидам, ки касеро аз хонаи ҳамсар ба хонаи модараш овардаанд... Рӯзгори талх! Гарчанде ман ин рӯзҳоро ҳоло надидаам, шояд надонам ин чӣ дард аст, вале гиряи он зан талх буд, хеле...

Охир, кадом зан мехоҳад бадбахт шавад, расвои рӯи забони мардум гардад!?

Овоз оҳиста-оҳиста паст ва кам шуд ва ниҳоят хомӯшӣ...

Чароғамро равшан кардам, дар чашмам хоб нест. Хона бароям тангӣ мекард, мехостам ба поён фароям...

Ин ҳодиса маро ба худ печонд. Болои ҳама талхиҳои зиндагӣ, ки ин шабу саҳар менӯшам, боз дарди нав! Охир, садои гиря, садои гиряи оддӣ набуд! Бо азобҳо аз фикр дур карда, хоб кардам...

Саҳар бо рӯҳияи безеб хестам, гӯё тамоми шаб хоб накарда бошам! То нисфирӯзӣ бедор истодам, баъдан хоб кардам, чун зиёд хоб доштам!

Тақрибан соатҳои 3-и рӯз бо овози гиря, доду вой бедор шудам. Аз тиреза назар кардам, боз ҳамон мошини боркашон, аммо рангаш фарқ мекунад. Ин дафъа мошин холӣ буд. Баъдан одамони азодор бо доду вой тобутро аз доми мо бароварда, онро пур карданд ва бо шасти тез мошин рафт...

Дасту рӯямро шуста ба поён фаромадам, пурсон шудам. Зани амӯи ҳамон зан нақл кард:

- Марворид хдша кушт, дина шуш талоқш кад, и саҳар дору хӯрд, больница бурдем, дер шда бд, мурд!

Ман ҳам дигар ҷуръати савол доданро накардам, лекин аз хешовандонаш моҷароро фаҳмидам, ки Марворид шавҳарашро бо як зани бегона дар хона мебинад ва ҷанҷол мебардорад. Шавҳараш сари асаб талоқашро медиҳад ва ҳатто мегӯяд: «Бояд сабр мекардӣ, ҳама мардако ин корро мекунанд!!!».

Марворид аз шунидани талоқ, дар ҳолати шок монда, «Ма ҳичко накадам» гӯён фарёд мекунад то вақти ҷон додан!

Аҷибтараш ин аст, ки Марворид ду сол пеш хонадор шудааст ва бо ҳамсари худ 4 сол дар робита буданд ва баъдан оиладор шуданд, яъне шахсе, ки 6 сол ӯро мешиносӣ, хиёнат мебинӣ! Баъдан маънои гиряҳои талху ҷонсӯзашро фаҳмидам...

Аҷаб дунёст...

Барои чӣ мардҳо бояд хиёнат кунанд?! Чаро? Дар куҷои дини мо омадааст ин хиёнат? Чаро бояд занҳо инро таҳаммул кунанд? Чандин Марворидҳо шояд худро куштанд ва чандинҳояш бо сабру алам шояд зиндагӣ доранд! Акнун мефаҳмам, чаро дар паси дари касалиҳои онкологӣ аксаран занҳоянд!!!

Мардҳои муҳтарам, раҳм кунед, наход зиндагӣ бо як зан душворатон бошад! Медонам, дар ҳар оила муносибат ҳаргуна аст, аммо бовар кунед, ҳеҷ зан намехоҳад аз бахти аввал монад, ё шумо ӯро маҷбур ба ин кор мекунед, ё коре мекунед, дар охир бо гуноҳи худ ӯро талоқ диҳед!

Шояд яке аз сабаби паст шудани шуурнокии наврасони имрӯза ҳамин аст... модари носолим, фарзанди носолим, ҷомеаи носолим!

Биёед меҳрубон шавед, шумо як қадам монед, зан даҳ қадам мегузорад, дар ҳоле ки бояд баракс бошад! Ҳоло хуб мефаҳмам, чаро дар сари вазифа занҳо, дар корхонаҳо занҳо бисёр шудаанд, чун аксарият мард шудаанд!

Мо ниёз ба Марворидҳои солим дорем!

Дилноза РАҲИМӢ, актриса

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД