toyota motors
Масъалаи ҳуқуқи кӯдак ба саломатӣ баррасӣ гардид
10.04.2026
Oila.tj
98

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҷумҳуриявӣ «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» дар мавзуи “Ҳуқуқи кӯдак ва саломатӣ” семинари омӯзишӣ доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Зулфия Абдусаматзода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ Нигора Муқимӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, семинари омӯзиширо муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи саломатии модару кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эътироф гардида, дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Қайд карда шуд, ки семинари мазкур ба ҳифзи саломатӣ, нигоҳубин, рушд ва тарбияи кӯдакон бахшида шудааст, зеро дар Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак омадааст, ки ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба ҳаёт, зиндагӣ ва инкишофи солим, донистани волидайни худ ва бархӯрдор будан аз ғамхории онҳо, озодона баён намудани ақидаи шахсӣ, саломатӣ ва дастрасӣ ба низоми тандурустӣ ва имконоти дастрасӣ ба таҳсилро дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД