Oila 5 years
MASTER ISMAIL БА COVID-19 ҒОЛИБ ОМАДУ ЧАНД ТАВСИЯ ДОД
1545

 

Исмоил Исмоилов, рэпсарои машҳури тоҷик ва роҳбари ширкати таблиғотии “Ҳаматарафа”, ки бо тахаллусҳои саҳнавии DJ.Ismail, Master Ismail ва M.One низ машҳур аст, бемории ҳамагири коронавирусро аз сар гузаронидааст.

“Рости гап, дар берун каме беаҳамиятӣ кардам. Бе ниқоби тиббӣ гаштанам сабаб шуд, ки ба бемории коронавирус гирифтор шавам. Худоро шукр, ки апаам духтур аст ва сари вақт табобатро гирифтаму ба по хестам. Ҳамагӣ якуним ҳафта дар бистари беморӣ будам. Ҳоло худро тамоман хуб ҳис мекунам ва кӯшиш дорам, ки мисли пештара бошам”,-мегӯяд, овозхон дар як суҳбати видеоӣ ба хабарнигори “Азия-Плюс”. Дар идома Исмоилов ба он нафароне, ки ба бемории COVID-19 гирифтор шудаву чӣ кор карданашонро намедонанд, чанд тавсияи судманд додааст. “Барои мубориза бо коронавирус витаминҳои зиёд хӯрдан лозим аст. Онҳо иммунитети инсонро мустаҳкам мекунанд. Баъдан, аз пеши худ ҳар гуна доруҳоро истеъмол накунед, барои организм бисёр хатарнок аст. Танҳо бо ягон табиб машварат ва аз рӯйи гуфтаҳои ӯ амал кунед. COVID-19 бемории вазнин аст, вале агар аҳамияти ҷиддӣ диҳеду табобатро дар вақташ гиред, ҳатман шифо меёбед. Муҳимтар аз ҳама воҳима накунед”. Дар мавриди нисбат ба солҳои пешин камтар сабт ва пешкаш шудани сурудҳояш, Исмоилов гуфт, қаблан танҳо бо мусиқӣ сару кор дошт, вале ҳоло соҳибкор шудаву дар ширкати “Ҳаматарафа” фаъолият мекунад ва як қисми вақташ сарфи ин кор мешавад. “Соли 2019 нақша кашидам, ки давоми сол бояд се клип ва шаш суруд сабт кунаму се ҷоиза ба даст орам. Хушбахтона, ин нақшаам пурра амалӣ шуд, аммо ин маҳдудият маънои аз рэп даст кашиданамро надорад. Ман то охир мемонам”,-изҳор дошт, Исмоил Исмоилов.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД