goodwell
Матлуба Раҳимова: Аз мактаб-интернати нобиноён то фатҳи қуллаҳои ҳунар
27

Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарояндаи шинохта Матлуба Раҳимова бо унвони “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон” қадршиносӣ гардид. Матлуба Раҳимова аз зумраи он ҳунармандонест, ки рӯҳи бешикаст ва зиндагии пур аз муборизааш намунаи ибрат барои дигарон аст.

Матлуба Раҳимова аз ҷумлаи сарояндагони шинохтаи тоҷик аст, ки бо садои хос, иҷрои самимӣ ва иродаи қавии худ дар саҳнаи ҳунари кишвар мақоми хос пайдо кардааст. Ӯ соли 1987 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст. Аз овони таваллуд аз биноӣ маҳрум буд, аммо ин маҳдудият натавонист садди роҳи орзуву ҳадафҳои ӯ гардад. Баръакс, мусиқӣ барои Матлуба ба василаи ифодаи эҳсос, муошират бо ҷомеа ва дар ниҳоят ба касби асосии зиндагӣ табдил ёфт.

Шавқи сурудхонӣ дар дили ӯ ҳанӯз аз солҳои кӯдакӣ пайдо шудааст. Матлуба дар мусоҳибаҳои худ гуфтааст, ки дар муҳити хонаводагӣ ба мусиқӣ таваҷҷуҳи зиёд вуҷуд дошт. Тағоҳояш суруд сабт мекарданд ва ӯ бо шунидани оҳангҳо онҳоро такрор менамуд. Ҳамин муҳити созгор тадриҷан завқи ҳунарии ӯро шакл дод.

Дар тарбияи Матлуба падару модар ва наздиконаш низ нақши муҳим бозидаанд. Ӯ аз дастгирии аҳли хонавода, махсусан хоҳараш Гавҳарбону, борҳо ёд кардааст. Дар марҳилаи аввалини роҳи эҷодӣ инчунин ҳунармандони маъруфи тоҷик ба ӯ маслиҳату роҳнамоӣ додаанд. Аз ҷумла, Матлуба аз таваҷҷуҳ ва дастгирии устод Ҷӯрабек Муродов ёдовар шудааст.

Ӯ муддате дар мактаб-интернати нобиноёни Ҳисор таҳсил кардааст. Баъдтар Матлуба Раҳимова кафедраи мусиқии мардумии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро хатм кардааст. 

Дар шинохта шудани Матлуба Раҳимова радио низ нақши муҳим бозидааст. Ӯ аз шунавандагони фаъоли барномаи машҳури «Табассуми саҳар»-и Радиои Тоҷикистон будааст. Маҳз тавассути ҳамин барнома истеъдоди ӯ бештар муаррифӣ шуда, замина барои омаданаш ба Душанбе ва ҳузур дар муҳити касбии ҳунар фароҳам шудааст.

Соли 2008 дар зиндагии Матлуба марҳилаи муҳим гардид. Ҳангоми яке аз барномаҳои давлатии дар ҷашни «Фалак» ҳунарнамоии ӯ таваҷҷуҳи Президенти кишварро ба худ ҷалб кард. Пас аз ин баромад номи Матлуба дар саросари кишвар бештар маъруф шуд. Ҳамон сол ӯ ба Ансамбли давлатии «Фалак» пайваст ва аз моҳи октябри соли 2008 фаъолияти доимии худро дар ин даста оғоз намуд.

Фалак дар эҷодиёти Матлуба Раҳимова ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ гуфтааст, ки метавонад сурудҳои мардумӣ, шашмақом ва эстрадаро низ иҷро кунад, аммо фалак ба қалбаш наздиктар аст. Шояд маҳз ҳамин пайванди амиқи эҳсосӣ бошад, ки иҷрои ӯро самимӣ ва таъсиргузор менамояд. Дар сурудҳои Матлуба мавзӯъҳои муҳаббат, ҷудоӣ, Ватан, модар ва эҳсосоти инсонӣ ҷойгоҳи муҳим доранд.

Дар тӯли фаъолияти ҳунарӣ ӯ як қатор сурудҳоро иҷро кардааст, ки миёни шунавандагон маъруф шудаанд. Аз ҷумла, «Ёд мекунӣ», «Ёри кӯлобӣ», «Ёри гурезон», «Бе гуфтугӯ», «Кӯлоби бача» ва барномаҳои гуногуни базмиву мардумии ӯ дар фазои мусиқии тоҷик шунавандаи худро доранд.

Соли 2018 Матлуба Раҳимова барои фаъолияти ҳунарӣ бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид. Дар санадҳои расмӣ ӯ ҳамчун артист-вокалисти дараҷаи якуми Ансамбли давлатии «Фалак» муаррифӣ мешавад. Ин қадрдонӣ натиҷаи солҳои тӯлонии фаъолияти пайвастаи ӯ дар саҳна буд.

Матлуба Раҳимова на танҳо ҳамчун сароянда, балки ҳамчун шахсе шинохта мешавад, ки бо зиндагии худ тавоноии инсонро дар муқобили маҳдудиятҳо нишон додааст. Ӯ дар мусоҳибаҳои худ аз зарурати фароҳам кардани имкониятҳои бештар барои шахсони нобино сухан гуфта, таъкид кардааст, ки онҳо низ метавонанд омӯзгор, ҳуқуқшинос, ҳунарманд ва узви фаъоли ҷомеа бошанд.

Имрӯз Матлуба Раҳимова фаъолияти худро дар Ансамбли давлатии «Фалак» идома дода, дар барномаҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои давлатӣ ҳунарнамоӣ мекунад.  

БАХТОВАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД