Arzon march 2024
Мавсума Муинӣ намояндаи халқ шуд
510

Муинӣ Мавсума Муинзода бо гирифтани 65,02% овозҳои интихобкунандагон пирӯз ба даст оварда, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Ӯ қаблан дар мақоми шаҳрдори шаҳри Бӯстони вилояти Суғд фаъолият дошт, вале 26 июни имсол аз ин мансаб озод шуд.

Ӯро Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 пешниҳод карда буд. Дар интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон, ки санаи 16 июли соли 2023 баргузор гардид, Мавсума Муинӣ ба гирифтани райъи бештари интихобкунандагон вакил Маҷлиси интихоб гардид.

Қаблан, ҳангоми кораш дар шаҳри Бӯстон бар ивази вакилони хориҷшуда ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии"Донишгоҳ №38" ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон аз ҳавзаи интихоботии шаҳрии "Театр №5" ӯ намоянда интихоб шуда буд.

Муинӣ Мавсума Муинзода 8-уми октябри соли 1981 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ӯ соли 1998 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Хуҷандро бо медали тилло ва соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо дипломи аъло аз рӯйи ихтисоси «Ҳуқуқшинос» ва соли 2019 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо” хатм кардааст. Соли 2019 рисолаи илмии худро ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих гардидааст.

Фаъолияти меҳнатии худро аз моҳи сентябри соли 2003 ба ҳайси омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2009 дар ин муассиса кор кардааст. Аз соли 2009 то соли 2014 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2014 то соли 2017 муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.

Муинӣ аз 12 январи соли 2017 ба ҳайси муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардида, то 26-уми январи соли 2022 дар ҳамин вазифа кору фаъолият намудааст. Аз 26-уми январи соли 2022 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ва аз 30 майи соли 2022 раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъин гардидааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми августи соли 2015 бо медали «Хизмати Шоиста» сарфароз гардонида шуд. Дорои рутбаи ҳарбии «Подполковник» -и эҳтиётӣ мебошад. Давоми фаъолияти меҳнатӣ бо сипосномаву ифтихорномаҳо ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардидааст. Забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Аз соли 2010 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД