Ҳамлагари фаронсавӣ Килиан Мбаппе 56-умин голи худро барои “Реал Мадрид” дар соли 2025 ба самар расонид. Футболбоз дар бозии даври 16-уми чемпионати Испания бо “Алавес” (2:1) яке аз голҳоро дар ҳайати “Реал Мадрид” ба самар расонид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, бо ин гол Мбаппе фосиларо то рекорди Криштиану Роналду аз рӯи шумораи голҳо барои “Реал Мадрид” дар як соли тақвимӣ то се гол кам кард. Дар соли 2013 ҳамлагари португалӣ 59 гол зада буд.
То анҷоми соли 2025 “Реал” боз ду бозии дигар бо “Талавера” дар Ҷоми Испания ва бо “Севиля” дар Ла Лига анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Килиан Мбаппе аз соли 2024 дар ҳайати “Реал” бозӣ мекунад. Шартномаи футболбоз бо клуб то соли 2029 амал мекунад. Дар мавсими ҷорӣ фаронсавӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо дар 25 бозӣ иштирок намуда, 27 гол ва чор паси головар ба номи худ сабт кардааст.