Ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе дар таърихи тими миллӣ рекорди нав гузошт ва ба беҳтарин голзани ҳамаи давраҳо табдил ёфт.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ин дастоварди таърихӣ дар бозии даври аввали гурӯҳи “I”-и Чемпионати ҷаҳон-2026 ба амал омад, ки дар он Фаронса бар Сенегал бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Метлайф” дар Ист-Ратерфорди ИМА баргузор гардида, онро довари эронитабори австралиягӣ Алирезо Фағонӣ идора кард.
Мбаппе дар ин бозӣ ду маротиба, дар дақиқаҳои 66-ум ва 90+6-ум ба дарвозаи рақиб гол зад. Ин голҳо барои ӯ 57-ум ва 58-умин голҳо дар ҳайати мунтахаби Фаронса дар 99 бозӣ буданд. Бо ин нишондиҳанда ӯ рекорди собиқ капитан ва ҳамлагар Оливйе Жируро, ки 57 гол дар 137 бозӣ дошт, шикаст дод.
Ҳамин тавр, Мбаппе расман беҳтарин голзани таърихи мунтахаби Фаронса гардид.
Дар даври дуюм Фаронса рӯзи 23-юми июн бо мунтахаби Ироқ ва дар даври сеюм рӯзи 26-уми июн бо Норвегия бозӣ мекунад. Сенегал бошад, дар ҳамин рӯзҳо бо ин рақибон вомехӯрад.
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Аргентина мебошад.