sebiston july new
Меҳринисо: Зулфиқори Азиз ба ман туҳфаҳои қиматбаҳо меовард
2768

 

Шеъри Меҳринисо солҳост, ки ба кошонаи қалби мардум роҳ ёфта, сурудҳояш хитҳои 20-25 соли охир аст. Таронаҳои ишқиаш малҳами қалби ошиқон асту ватанномаҳояш садои бедории ватандӯстон...

Модарномаҳояш, ки беҳтарин сарояндаҳо иҷро мекунанд, суруди вирди забони ҳамагон... Инак, суҳбате оростем бо шоира, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Меҳринисо, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

 

Рӯзи дарҳои боз

-Барои шумо барин зани огоҳ ва ҳамеша мувозиби ҳусни худ, гузашти сол чӣ маъно дорад?

-Барои ман, ҳеҷ. Қаблан зиёд фикр мекардам, ҳоло не. Замони кӯдакӣ ҳатто 30- солаҳоро пир гумон мекардам, 50-у 60-солаҳо ба назарам тамоман фартут менамуданд. Гоҳо андеша мекунам, ки шояд айни замон ман низ барои набераҳоям бибии пир бошам… Бо вуҷуди ин, худамро калонсол ҳис намекунам.

Некӣ бо шеър

-Оё бо шеър некӣ карда мешавад?

-Албатта. Вақте дар вохӯриҳо шеъри модар мехонам, нисфи толор мегиряд, зеро мардум модарашонро – рамзи покӣ ва муҳаббату некиро ба ёд меоранд. Ҳамеша, ҳақу ҳамсоя, толибилмони мактаби назди хона, одамони тамоман бегона меоянд, ки шеърҳои ба модар бахшидаамро барояшон навишта диҳам. Вақте Муслиҳиддин шеъри “Модар”-ро сароид, қариб ҳама изҳори миннатдорӣ карданд. Ҳол он, ки ба назари ман ин шеъри баланде нест. Модари Муслиҳиддин бароям оҳанг фиристод, ки дар асоси он матн нависам. Ӯ бояд дар “Овози тиллоӣ” ширкат мекард. Баъдан ин сурудро вай дар як чорабинии ҳукуматӣ хонд ва он ба дили мардум роҳ ёфт. Дар бозору кӯча занҳо маро дида хурсанд мешаванд ва мегӯянд: “Ҳамон шеър аз шумо аст, биёед ман шуморо бӯса кунам” ва маро ба оғӯш кашида мебӯсанд. Ин барои ман хушбахтӣ ва беҳтарину болотарин унвон аст.

-Дар мавриди унвон сухан гуфтеду суоле дар зеҳнам пайдо шуд. Чаро шумо бо вуҷуди ин ҳама маъруфият ҳоло унвони Шоири халқии Тоҷикистонро надоред?

-Ин суол ҳам ба ман нест. Фарзандонам ҳам суол мекунанд, ки “Ая барои чӣ, ба шумо “Шоири халқӣ” намедиҳанд? Ман мегӯям, ки ба ин чизҳо аҳамият надиҳед, зеро муҳим нестанд. Агар сабабҳову бозиҳои пуштипардагии унвонгириро гӯям, фарзандонам аз зиндагӣ дилсард мешаванд. Бисёриҳо ин суолро ба ман медиҳанд, дар маҷлисҳо ровиён ва дар ВАО журналистон маро ҳамчун Шоири халқии Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд… Баъди ин ҳамон замон аз Иттифоқи нависандагон занг мезананд, ки чаро худатро Шоири халқӣ муаррифӣ кардӣ? Ман мепурсам, чӣ магар ба шумо зарар расид?

50 сомонӣ барои суруд

Шумо яке аз пурмаҳсултарин шоироне ҳастед, ки қариб тамоми эҷодиётатонро ҳунармандон оҳанг баста месароянд. Мехостам донам, ки барои як суруд чӣ миқдор маблағ талаб мекунед?

-Ягон бор, ягон тин талаб накардаам. Зеро бисёр вақт аз китобҳо мегиранд, бисёриҳо ҳатто нопурсида, огоҳ накарда оҳанг мебанданд. Баъзеҳо хоҳиш мекунанд, оҳанг мефиристанд ва баъди тайёр шудани шеър 50 сомонӣ дароз мекунанд, ки ман намегирам. Зулфиқор ҳамеша ба ман туҳфаҳои қимат меовард, Нигина, Сабоҳат ва Фахриддини Малик низ ба ҳар ҳол маро розӣ мекунанд, аммо ман худам маблағи муайян талаб намекунам. Ман барои мардум менависам, муҳим аст, ки ба қалби мардум роҳ ёбад.

-Шумо шоир ё суруднавис?

-Не ман шоир, зеро ман махсус, ба истиснои баъзе ҳолатҳо барои оҳанг наменависам.

-Аз 700 суруде, ки сароида шуд, кадоме ба шумо бештар писанд аст?

-Сурудаҳои Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов, Сабоҳат Наҷмиддинова, Олим Бобоев, Нигина Амонқулова, Зулфиқори Азиз, Фахриддини Малик... Қариб тамоми ҳунармандони баном аз эҷодиёти ман сурудаанд. Вақте шеъри маро дуруст мехонанд, хурсанд мешавам, аммо вақте ғалат карда месароянд, ғамгин мегардам. Ситора ба наздикӣ яке аз сурудҳои “Модар”-ро аз эҷодиёти ман сароид, хеле олӣ месарояд, аммо 3 банди шеър аз ман, ду банди дигар, ки саропо ғалат аст, моли ман нест.

Овози фораматро,

Чашми гунаҳраматро.

Шодиву ҳам ғаматро,

Ман ёд кардам оча.

Аз Панҷакент ба Кӯлоб

-Шумо зодаи Панҷакент ҳастед. Падаратон ходими давлатӣ. Чӣ сабаб шуд, ки дар он солҳои душвор, ки ашрофзодаҳои Панҷакент духтаронашонро ҳатто ба бегона намедоданд, шумо аз Кӯлоб шавҳар кардед?

-Шавҳарам профессор Шаҳбоз Кабиров ҳамкурси хоҳарбузургам мебошад. Дар даврони донишҷӯйӣ эшон барои таҷрибаомӯзӣ ба Панҷакент мераванд ва дар хонаи мо зиндагӣ мекунанд. Падарам шахси китобхон буданд. Фаҳму фаросат, мутолиа ва аз ҳама муҳим ҳусни хати зебои Шаҳбоз он касро ҳайратзада мекунад. Баъдан, Шаҳбоз табиатан шахси боодоб аст, бинобар ин, падарам мафтуни одобу рафтори ин ҷавон мешаванд. Воқеан, эшон як умр шефтаи ӯ буданд. Вақте ман барои таҳсил ба Душанбе омадам, Шаҳбоз аллакай муаллими университет буд. Ӯ маро дида, маъқул мекунад ва ба апаам мегӯяд, ки маро гирифтанӣ аст. Ӯ ҳам ҷавоб медиҳад, ки хостгор фиристад, падарам ҳатман розӣ мешаванд.

Ҳамин тавр, Шаҳбоз ду нафар ҳамкурсонаш, ҳунарманд ва олими маъруф Ҷӯрабек Назрӣ ва шоира Гулрухсорро барои хостгорӣ ба Панҷакент мефиристад. Он солҳо оғози шуҳрати Гулрухсор буд. Модарам ба ӯ мегӯянд:

-Гӯш кунед Гулрухсор, наход шумо шоираи машҳур хонаи ман духтар гуфта оеду ман не гӯям? Як духтар будаст дия, он тарафаш, ман розӣ.

Воқеан, мо шаш духтарем... Ман ҳам розӣ шудам, зеро аз чандин ҷавоне, ки хостгори ман буданд, навъи олиаш Шаҳбоз буд. Вай на носу сигор мекашид, на менӯшид ва на назарбаланд буд. Ӯ ҳамеша тозаву озода, атр задагӣ бо як гул ба назди ман меомад.

Дар оғози оиладориаман ман Шаҳбозро шумо мегуфтам, аммо ӯ маро маҷбур кард, ки мисли кӯлобиҳо ту гуфта, муроҷиат кунам.

-Ман ба ту одами бегона нестам, ки маро шумо гӯӣ, - гуфта маҷбур кард, ки ту гӯямаш.

Вақте Панҷакент мерафтем ва ман чун одат Шаҳбозро ту мегуфтам, падару модарам маро сарзаниш мекарданд, Шаҳбоз бошад механдид. Шукр, ки ин ҳама сол бо ҳам зиндагӣ мекунем, фарзандони хуб ба воя расонидем...

-Солҳое, ки бо шавҳаратон дар Афғонистон зиндагӣ мекардед, бо ситораи Шарқ Аҳмад Зоҳир ошноӣ доштед. Соли равон аз марги ин нобиғаи санъат 40 сол сипарӣ шуд. Дар мавриди шиносоии худ бо Аҳмад Зоҳир чанд ҳарф бигӯед.

-Ман бо Аҳмад Зоҳир 11-уми феврали соли 1976 бори аввал вохӯрдам. Ҷӯрабек Назриев ӯро ба хонаи мо дар Кобул овард. Баъди хушомадеди меҳмонҳо ва сари дастурхон даъват кардани онҳо зуд хостам, ки дар магнитофон кассетаи Аҳмад Зоҳирро монам, аммо ӯ нагузошт. “Ҷое, ки Аҳмад Зоҳир аст, ӯ худ суруд хоҳад хонд”, - гуфт ӯ. Ва наъра кашид:

Шабҳои зулмонӣ, миёни тӯфонҳо,

Овора қалби ман дар дашту биёбонҳо,

Бо сад армонҳо...

Ман дар ин садо ғарқ шудам. Ман то ба имрӯз аз ягон навор, ягон акс ҳамон чашмон, ҳамон нуреро, ки он лаҳза дар симои Аҳмад Зоҳир дида будам, дигар надидам. Ҳамин тавр, то нисфи шаб дар хонаи мо як базми ҷамшедӣ буд. Баъди ин, чандин маротибаи дигар Аҳмад Зоҳир меҳмони мо буд...

Вале афсӯс, ки ин ситораи бузург дар синни 33 солагӣ ҳаётро падруд гуфт...

-Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

 

Мусоҳиб ОДИЛ

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
БОНУ 2019-08-09, 15:52
Нафахмидам... кадом ашрофзодахо??????
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
БОНУ 2019-08-09, 15:52
Нафахмидам... кадом ашрофзодахо??????
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД