Ҳамлагари бошгоҳи "Интер Майами" ва мунтахаби Аргентина - Лионел Месси беҳтарин бозигари мавсими MLS интихоб шуд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ҳамлагари 38-сола ин ҷоизаро соли дуюм пайиҳам ба даст овард. Месси аввалин бозигар дар таърихи MLS шуд, ки ин ҷоизаро пай дар пай ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта Месси 43 гол зада, 26 партофти головар анҷом дода буд.
Месси дар мавсими имсола бо “Интер Майами” ғолиби MLS Cup ва MLS Eastern Conference гардид. Ӯ ҳоло бо 48 ҷоиза серҷоизатарин бозигар дар таърихи футбол аст.