Arzon march 2024
Миҷгона Самадова соҳиби медали нуқра шуд
848

Бонуи муштзани тоҷик Миҷгона Самадова боз ба як комёбии варзишӣ ноил гашта, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс, ки дар шаҳри Хабаровски Русия ба хотири гиромидошти Константин Коротков баргузор гардид, дар вазни 57 килограмм сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра шуд.

Дар ин мусобиқа муштзанҳо аз 15 кишвар, аз ҷумла Чин, Муғулистон, Тунис, Конго, Нигерия, Куриёи Ҷанубӣ, Сербия, Россия, Белорус, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ширкат варзиданд.

Миҷгона Самадова рақибони дигарашро мағлуб намуда бошад ҳам, дар даври финалӣ аз боксёри рус Людмила Воронтсова шикаст хӯрда, ба гирифтани ҷойи дуюм ва медали нуқра мушарраф гаштааст. Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст.

Ёдрас мешавем, ки Миҷгона Самадова ба бозиҳои олимпӣ, ки соли равон дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мегарданд, роҳхат гирифта ва айни замон ба ин чорабинии бонуфузи варзишӣ омодагӣ дида истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД