shoh palace
Мино ва Қадами Қурбон ютубро тарконданд
27.05.2019
Ҳусейн
2283
Мино ва Қадами Қурбон ютубро тарконданд

Клипи таронаи нави Қадами Қурбон ва Мино бо номи "Умираю”-ро дар 21 соати аввали нашраш дар Ютуб алакай 460 ҳазор, ё қариб ним миллион нафар тамошо кардаанд.

Клипи қаблии Қадами Қурбон бо номи "Азизам”, ки рӯзи 25 март нашр шуд, дар ду моҳ қариб2 миллион тамошобин ҷамъ овард. Ин рекорд зоҳиран таваҷҷуҳи овозхонҳои дигар ва продюсерҳои дигари тоҷик ба Қадами Қурбонро бештар кардааст. Мино дар оғози клипи таронаи "Умираю” як духтари шаҳрии аврупоипӯш тасвир мешавад, вале ишқи бачаи қишлоқ, ки Қадами Қурбон иҷро мекунад, Миноро чунон моту мабҳут мекунад, ки ӯ дар охираз баҳри тамоми зиндагии пуршукӯҳ дар шаҳр мегузарад ва куртаву рӯмоли тоҷикӣ пӯшида, дар пушти мотосикли Қадам ҳамроҳи вай ба қишлоқ меравад.

Таронаи "Умираю”-и Қадами Қурбон ва Миноро продюсери шинохтаи тоҷик Баҳриддин Сабурӣ таҳия кардааст. Оҳанги тарона аз Илҳом Муродов ва матнаш аз таронанависи маъруфи тоҷик Орзу Исоев буда, клипи "Умираю” шаби 25 ба 26 май аз ҷониби канали peshsaf tj дар шабакаи Ютуб нашр шуд.

"Умираю” баробари нашр шуданаш роҳи худро ба сӯи фатҳи қуллаҳои Интернет оғоз кард ва алакай баъди 21 соат шумораи тамошобинонаш ба 460 ҳазор расид. Рақаме ки ҳатто "Азизам” – нахустин клипи расмии Қадами Қурбон ба даст наоварда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Блогер 2019-05-27, 17:46
Хами бечора Кадама ахмак кадигиян Ютуб блогеро. Ай счётуш сума кор мекинан.
Посух
Obid Блогер 2019-05-27, 17:50
У Кадам беакл нестай. Сума катта мегира баъд клип мекина.
Посух
Кулоби 2019-05-27, 17:47
Ба фикрум я форма мекинану Кадама баъд истифодаш мекинан.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Блогер 2019-05-27, 17:46
Хами бечора Кадама ахмак кадигиян Ютуб блогеро. Ай счётуш сума кор мекинан.
Посух
Obid Блогер 2019-05-27, 17:50
У Кадам беакл нестай. Сума катта мегира баъд клип мекина.
Посух
Кулоби 2019-05-27, 17:47
Ба фикрум я форма мекинану Кадама баъд истифодаш мекинан.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД