Arzon march 2024
Мижгона Самадова чӣ тавр то Олимпиадаи Париж расид?
438

 

Мижгона Самадова аввалин бонуи варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж -2024 роҳхат гирифтааст. Мижгона мактаби миёнаи рақами 28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо хатм карда, ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба варзиш шавқу завқи зиёде дошт.

Вай аввалин пирӯзии худро соли 2008 замоне, ки дар синфи 2-юм мехонд, дар як мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ба даст оварда буд. Ин комёбӣ барои ширкат дар мусобиқаҳои минбаъда ва варзишгари номдор шуданаш такони калон бахшид.

Бо гузашти 4 сол Мижгона Самадова дар мусобиқаи варзиши размӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуда, дар байни варзишгарони 40 давлат ҷойи аввалро соҳиб шуд ва бо ду медали тилло ба Ватан баргашт. Соли 2013 бошад, Самадова дар мусобиқоти байналмилалии ҳунарҳои размӣ дар Калуга рақибонашро шикаст дода, боз мақоми аввалро ишғол намуд ва соҳиби медали шуд. Чемпиони ҷавони муваффақи мо дар соли 2014 дар мусобиқаи размӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе низ мақоми аввалро касб карда, соҳиби медали тилло гардид.

Мижгона машқу тамринро дар Vefacenter таҳти роҳбарии устоди варзиш Урунов Фурқат идома дод. Натиҷа ин буд, ки пас аз машқҳои пуршиддат соли 2016 дар чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо-ИТФ байни 62 кишвар дар Итолиё чемпиони чандинкаратаи мо сазовори ҷойи 3-юм ва медали нуқра гашт.

Соли 2018 бо дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Мижгона Самадова дар Бозиҳои осиёии кикбоксинг дар Қирғизистон ширкат варзида, ҷойи аввалро ишғол кард ва соҳиби се медали тилло гашт.

Самадова дар заминаи бокс дар мусобиқаи Деҳлӣ ва дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон бомуваффақият ширкат карда, соҳиби ҷои сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Ҳамин тавр ин паҳлавондухтари тоҷик пай дар пай ба дастовардҳои зиёде ноил гаштааст. Мижгона Самадова устоди варзиши дараҷаи 2-юми байналмилалӣ оид ба кикбоксинг дар Тоҷикистон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД